ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛАДА ПРИОРА” БО РАҚАМҲОИ БЕГОНА ВА “МИГАЛКА” (ВИДЕО)

Як ронандаро дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон  барои насби рақамҳои бегона ва истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда (мигалка) дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мошини тамғаи «Лада Приора» бо рақами қайди давлатии 700 ММ 03, барои истифодаи таҷҳизоти махсуси садодиҳандаю равшанидиҳанда (мигалка), ки бо истифодаи он оромии шаҳрвандонро халалдор месохт, боздошт ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи номбурда шаҳрванд Оймаҳмадов Амирҷон Исмоилович, санаи таваллудаш 10.06.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамсӣ, бар замми насби ғайриқонунии “мигалка”, ҳамчунин бо рақамҳои қайди давлатии бегона автомашинаи худро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе идора мекардааст.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки рақамҳои қайди давлатии ин мошин дар асл 11 11 SD 03 буда, рақамҳои қайди давлатии 700 ММ 03 ба мошини тамғаи «Хундай», ки ба номи ширкати ҶДММ «Роҳи байналмилалӣ» ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, тааллуқ дорад. Оймаҳмадов Амирҷон, ба гуфтаи мақомот, дидаву дониста бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ амал намуда, ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст задаст.

Вобаста ба ин нисбат ба Оймаҳмадов Амирҷон тибқи талаботи моддаҳои 313 (рақами бегона) ва 316 (насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, далелҳои қоидавайронкунӣ, яъне рақами давлатӣ ва “мигалка” мусодира гардида ва худи мошин ба ҷаримагоҳи муваққатии РВКД Душанбе бурда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button