ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

АЗ ХОНА БАРОМАДУ ДИГАР НАОМАД: УМЕДАИ 18-COЛА ГУМ ШУДААСТ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 27 март эълони ҷустуҷӯи духтари 18-солае бо номи Умеда нашр шудааст. Ин духтар рӯзи 23 март дар шаҳри Душанбе гум шудааст.

Moҳира Уроқова дар Фейсбук хабар дод, ки Умеда дар наздикии маркази савдори “Мардон” зиндагӣ мекард. Ӯ рӯзи 23 марти соли 2022, тақрибан соати 11:00 аз хона барои сайругашт ба берун баромада, дигар барнагаштааст. Умеда он рӯз мисле ки дар акси аввал мебинед, дар тан курткаи ҷинс ва футболкаи сафед доштааст.

Наздикони Умеда аз ҳамаи Шумо хоҳиш доранд, ки дар ҷустуҷӯи ӯ кумаки худро дареғ надоред. Агар Шумо дар бораи эҳтимолан дар куҷо будани Умеда маълумоте дошта бошед ваё ӯро тасодуфан дар ягон ҷо дида бошед, аз шумо хоҳиш мекунем, ки фавран бо хоҳари Умеда бо ин рақам тамос бигиред:

+992 930 30 38 98

Хоҳари Умеда ва игар наздиконаш дигар намедонанд, ба куҷо муроҷиат кунанд. Ҳамаи умеди онҳо ба кумак ва ҳамдастии Шумост. Биёед, ҳамроҳ Умедаро пайдо кунем ба пеши наздиконаш баргардонем!

Худованд ҳамаи Шуморо нигаҳбон бошад!

Mohira Urokova 

ПОМОГИТЕ!!! КРИК ДУШИ!!!Обратились знакомые за помощью розыска девушки . Умеда 18 лет, ориентир проживания Мардон, вышла погулять и не вернулась 23.03.2022 годв в 11:00 часов . Если вдруг кто увидит, узнает позвоните пожалуйста на номер сестры 930303898. Девушка была одета как на первом фото ,джинсовая курточка, белая футболка.Просьба всем помогите. Сестра и родные не знают уже к кому обращаться. Последняя надежда на добрых и отзывчивых людей. Мир и покой в Ваш дом.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button