ИқтисодМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РУСИЯ ДИГАР БА СОКИНОНИ КИШВАРҲОИ СНГ НАФАҚА НАМЕДИҲАД

Русия мехоҳад аз 1 январи соли 2023 аз Созишнома дар мавриди кафолати ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои СНГ ба таъмини нафақа хориҷ шавад. Ин созишнома соли 1992 аз ҷониби 10 кишвари узви СНГ, аз ҷумла Тоҷикистон имзо шуда буд ва тибқи он, сокинони ин кишварҳо метавонистанд дар маҳалли зиндагии доимии худ, сарфи назар аз доштан ё надоштани шаҳрвандии он ҷумҳурӣ, нафақа бигиранд. Ҳоло як далели хуруҷи Русия аз ин қарордод бори вазнинаш ба болои буҷаи давлатии Русия гуфта мешавад. Дар ин бора бо истинод ба тарҳи қонуни федералие, ки вазорати меҳнат ва вазорати корҳои хориҷии Русия таҳия кардаанд, пойгоҳи хабарии РБК хабар дод. Ин нашрия мегӯяд, хуруҷи Русия аз созишномаи кафолати таъмини нафақа ба онҳое, ки алакай нафақа мегиранд, таъсир намекунад, вале ба муҳоҷирон таъсир дорад. Гуфта мешавад, Русия бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) алакай қарордоди нав имзо кардааст.

Дар шарҳи зери тарҳи қонуни нав гуфта мешавад, ки созишномаи соли 1992 “вазифаи худро дар мавриди ба назар гирифтани манфиатҳои он наслҳои шаҳрвандон, ки собиқаи кор дар даврони Иттиҳоди Шӯравиро доштанд, бо муваффақият иҷро кард”.

 Аз замони имзои он алакай 30 сол гузашт ва дар ин муддат тарзи ҳисобу китоби нафақа дар кишварҳои СНГ низ иваз шуда, аксари онҳо ба низоми нави мабнӣ бар пардохти суғуртавии пули нафақаи оянда аз ҷониби шаҳрвандон гузаштанд. Ба ин далел, гуфта мешавад, ки созишномаи соли 1992 “дигар ҷавобгӯи идеология ва принсипҳои низомҳои нафақаи имрӯза нест ва ба шаҳрвандони ин кишварҳо имкон намедиҳанд, ки ҳангоми баромадан ба нафақа ҳуқуқи худро ба нафақа пурра амалӣ гардонанд”.

Ин тарҳи қонуни нави Русия аз ҷониби вазорати рушди  иқтисод, вазорати молия ва Сандуқи нафақа, Палатаи ҳисоб ва раёсати ҳуқуқи маъмурияти президенти ин кишвар пазируфта шудааст.

Созишномаи соли 1992 аз ҷониби Русия, Арманистон, Беларус, Молдова, Украина  ва ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ имзо шуда буд.

Тибқи он, шаҳрвандони ин 10 кишвар ҳақ доштанд аз кишваре, ки онҷо зиндагӣ доранд, нафақа талаб кунанд. Ҳангоми додани нафақаи онҳо ҳам собиқаи корашон дар даврони СССР, яъне то соли 1992 ва ҳам баъди соли 1992 ба ҳисоб гирифта мешуд. Кишваре, ки нафақаро пардохт мекард, барои ин аз кишварҳои дигар ҷуброн талаб намекард.

Азбаски ҳаҷми нафақа дар Русия баландтар аст, бисёриҳо нафақаи худро рафта, дар Русия дуруст мекарданд. Ин ба гардани буҷаи Русия бори иловагиро бор мекард ва зоҳиран Маскав мехоҳад бо ин васила худро аз ин бор халос кунад. Омили дигаре, ки Русияро барои хуруҷ аз ин қарордод таҳрик медиҳад, эҳтимоли  ба гарданаш бор шудани масъулияти пардохти нафақа ба миллионҳо муҳоҷири кориест, ки насли аввалаш алакай 30 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва даҳҳо ҳазори онҳо алакай ба синни нафақа расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button