АфғонистонВидео

РОҲЕ БА ҶУЗ АЗ САРКӮБИ ТОЛИБОН НАМЕБИНАМ! ПАЁМИ НАВИ АҲМАДИ МАСЪУД БАЪДИ НИМ СОЛИ ХОМӮШӢ (ВИДЕО)

Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ва раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА), ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, баъди ним соли хомӯшӣ як паёми нави видеоияшро ба муносибати иди Наврӯз ва расидани соли нави 1401 – уми ҳиҷрии шамсӣ нашр кард.

Аҳмади Масъуд дар баробари табрики мардум ба муносибати Наврӯз соли гузаштаро як соли баде барои мардуми Афғонистон номид ва гуфт, Толибон фурсати сулҳ дар Афғонистонро аз байн бурданд. Ӯ ин гуруҳи тундравро, ки моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст овард, дар идомаи ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ ва табдили дубораи Афғонистон ба паноҳгоҳ ва  лонаи терроризми байналмилалӣ айбдор кард ва гуфт, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ  барои расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон роҳе ба ҷуз аз саркӯби Толибон намебинад.

“Онҳо аз мо тақозо доранд, ки ё таслим шавем, ё бо онҳо байъат кунем. Пешниҳодҳои мо дар бораи ҳалли мушкили Афғонистонро нахостанд бишнаванд. Таъкид бар ҷанг карданд ва ҳамин тавр, ҷанг сари мо таҳмил шуд. Мо то охирин лаҳза барои Афғонистони обод, озод ва мустақил дар баробари ҳар навъ ишғолу истибдод меистем ва мубориза мекунем”, – гуфт Аҳмади Масъуд.

Ин аввалин паёми видеоии Аҳмади Масъуд дар ним соли охир аст.  Моҳҳои охир дар бораи пайкори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба зидди Толибон тақрибан ҳеҷ хабаре ба гӯш намерасид, вале фармондеҳону намояндагонаш инро ба фасли сармо рабт дода, эълон карда буданд, ки бо омадани баҳор ҳамлаҳои худ ба зидди Толибонро аз сар хоҳанд гирифт.

Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд.

Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст. Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа ва бозигарони бузурги байналмилалӣ, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ кард ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор кардааст, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Толибон  чанд моҳ пеш Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”. Як намояндаи Толибон ҳатто таҳдид кард, ки “агар ҷомиаи байналмилалӣ дахолат накунад, мо Тоҷикистонро дар 24 соат тасарруф хоҳем кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бояд рохи сулхро чуст на чангро. Бо рохи чанг ва ба силох ба даст овардани хокимят умри кутох дорад ва давоми накшахи кашидахи давлатхои абаркудрат дар давом додани кашмакашихо дар каламрави Афгонистон хаст, ки факат ба манфихати « меморхо» равона карда шудааст, ва дар оянда максади аз байн бурдани хуввият хамахи халкиятхои сарзамини Афгонистон мебошад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button