ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ПАРВИЗ ЭШНАЗАРОВ ДАР РУСИЯ ДАР МОРГ АСТ. ХЕШУ ТАБОРАШРО МЕҶӮЯНД

Дар Интернет аксҳои муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон Эшназаров  Парвиз Абдуназарович, санаи таваллудаш 23 декабри соли 1990  нашр шудааст. Дар эълон гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар Русия ба сабаби номаълуме вафот кардааст ва ҷасадаш ягон 10 рӯз боз дар морги шаҳри Лосино-Петровскийи вилояти Маскав қарор доштааст. Ин шаҳр дар тақрибан 35-километрии шарқи Маскав (тавассути Шёлковское шоссе) ҷойгир шудааст.

Аз наздикон ва дӯстони Парвиз Эшназаров хостаанд, ки ҷасади ӯро гирифта, худ ба хок бисупоранд, вагарна ӯро дар морг крематсия мекунанд, яъне месӯзонанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун ва асосан ба иллати ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кору ҷои зисташон то 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button