ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НОБОЛИҒ СОАТИ ЯКИ ШАБ АЗ ХОНАИ ЗАНИ ҲАМСОЯ ПУЛ ДУЗДИДААСТ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми марти соли 2022, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2 ҳазору 520 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button