ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЯКЕ АЗ ПИРОНИ БАРӮМАНДИ ВОРУХ АБДУСАМАД ШОМИРСАИДОВ (33 АКС)

Рӯзи 7 март дар Исфара бо баргузории як маросими пуршукӯҳи видоъ хоҷагидори номдор Абдусамад Шомирсаидовро ба хок супурданд.  Ин шахсияти барӯманду арҷманди зодаи Ворух рӯзи 6 март дар синни 78 аз олам чашм пӯшид. Шаҳрдории Исфара марҳумро “яке аз фарзандони барӯманди диёр, яке аз шахсиятҳои ба ҳамагон азизу арҷманд, ходими намоёни ҷамъиятӣ хоҷагидори номвар” ном бурда, навишт, “марги беамон шахсеро аз байни мо рабуд, ки умри гаронмоя ва тамоми ҳастии худро ба хизмати халқу Ватан ва ободонию пешрафти кишвар бахшида буданд.”

Дар маросими видоъ, ки дар ҳавлии марҳум баргузор гардид, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ходими намоёни давлатӣ Гулафзо Савриддинова, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ ва сарвари литсейи №3 Абдураҳмон Шораҳматов баромад карда, аз хислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки инсонии шодравон Абдусамад Шомирсаидов ёдовар гаштанд. Аз номи аҳли оила фарзанди марҳум Рустамҷон Шомирсаидов ба ҳамаи иштирокдорони маърака изҳори сипос кард.

Равоншод Абдусамад Шомирсаидов 14 январи соли 1944 дар ҷамоати деҳоти Ворух ба дунё омада, соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқ, ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро бо ихтисоси муҳандис – технолог хатм кардааст.

Фаъолияти кориаш аз соли 1960 ба ҳайси хаткашони колхози Правда оғоз гардида, аз соли 1967 то соли 1969 ҳамчун раиси комитети коргарии совхоз-техникуми ноҳияи Мастчоҳ, аз соли 1969 то соли 1971 инженери Гостехнадзори хоҷагии қишлоқи шаҳри Исфара, аз соли 1971 то соли 1975 инструктори шуъбаи хоҷагии қишлоқи кумитаи ҳизбии шаҳри Исфара, аз соли 1975 то соли 1979 директори иттиҳодияи бурдоқипарварӣ ба номи 50 – солагии Тоҷикистон, аз соли 1979 то соли 1987 раиси колхози Правдаи ноҳияи Исфара, аз соли 1987 то соли 1988 ҷойнишини раиси кумитаи агросаноатии вилояти Ленинобод, аз соли 1988 то соли 1990 мудири кулли иттиҳодияи таъминоти техникии хоҷагии қишлоқи вилояти Ленинобод, аз соли 1990 то соли 1993 мудири корхонаи равғанбарории шаҳри Исфара, аз соли 1993 то соли 2000 раиси колхози Правда ва аз соли 2000 то соли 2013 ҳамчун раиси хоҷагии оби шаҳри Исфара адои вазифа намудаанд.

Абдусамад Шомирсаидов аз соли 1975 то соли 1982 вакили шӯрои  шаҳрӣ, аз соли 1982 то соли 1995 вакили шӯроиети вилоятӣ буда, соли 1995 намояндаи мардумӣ дар парлумони Тоҷикистон интихоб гшуда буд.

Барои дастовардҳои шоён ва саҳми назаррасашон дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо ордени “Дӯстии халқҳо”, медалҳо, унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”,ифтихорнома ва дигар мукофотҳои арзишманди соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

Шаҳрдории Исфара гуфт, “марҳум Абдусамад Шомирсаидов натанҳо фидоии корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, балки падари ғамхор ва роҳнамои беҳтарини ҳаёт барои фарзандону шогирдон маҳсуб меёфтанд. Фарзандони худро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, садоқат ба ватан ва ахлоқу одоби ҳамида тарбия намуданд, ки ҳар яке аз онҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногун барои пешрафти Тоҷикистон ва ободонии он талош доранд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button