АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ТОЛИБОН АЗ БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН АЗ ТОҶИКИСТОН ХАБАР ДОД. Ӯ МЕГӮЯД, БАРОИ ҶИҲОД БА ЗИДДИ АМОРАТИ ТОЛИБОН ОМАДААСТ (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии ҷунбиши Толибон видеои бозпурсии як ҷавони зоҳиран 20-25-соларо нашр кард, ки бо як лаҳни хоси тоҷикони Тоҷикистон мегӯяд, аз Тоҷикистон аст ва ба Афғонистон омадааст, бо ба зидди “Иморати исломӣ” (исми режими нави Толибон) “ҷиҳод” кунад.

Дар навори кӯтоҳи пулиси Толибон ин ҷавон мегӯяд: “Исми аслиям Умед, номи мустаорам Аҳмад Фарид ва аз Тоҷикистон ҳастам. Аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз Русия ба Туркия, аз Туркия ба Эрон, аз Эрон  ба Афғонистон. Бар зидди уҷоҳиддини иморат ҷиҳод мекунам”.

Маълум нест, ки Умед ин ҳарфҳоро худаш ба забон меорад ё зери фишор?

Дар видео дида мешавад, ки аз ин ҷавони зоҳиран тоҷикистонӣ як автомати Калашников бо тирҳояш, чанд норинҷак (граната), васоили алоқа ва чизҳое ба мисли скотч, ки метавонанд барои тайёр кардани камарбанди маргталабона ҳам истифода шаванд, пайдо кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ва сафорати ин кишвар дар Кобул ҳанӯз дар бораи боздошти ин ҷавони зоҳиран тоҷикистонӣ аз сӯи Толибон изҳори назар накардаанд.

 Маълум нест, ки Умед ё “Аҳмад Фарид” аз тоҷикҳои Тоҷикистон аст ё аз фарзандони хонаводаҳои афғоне, ки дар Тоҷикистон ба воя расидаанд ва ба ин далел, бо гӯиши хоси тоҷикҳои Тоҷикистон ҳарф мезанад? Ин ҳам маълум нест, ки ин ҷавони тоҷик ба Афғонистон барои он омадааст, ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд бипайвандад ё ба созмони тундгарои ДОИШ? Қарори маълум, ҳам ДОИШ ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллӣ султаи Толибон бар Афғонистонро қабул надорад ва ба зидди он меҷанганд.

Рӯзномаи “Иттилооти рӯз”, чопи Кобул хабар дод, ки пулиси Толибон ин ҷавони тоҷикистониро дар минтақа ё корти 15-уми шаҳри Кобул бо иттиҳоми тахрибкорӣ (диверсия) дастгир кардааст.   Бино ба иттилои ин нашрия, “Аҳмад Фарид” ба ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам мешавад.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар остонаи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар байни ҳамагӣ 10 рӯз тақрибан ҳамаи қаламрави Афғонистонро тасарруф ва дар пайи ишғоли Кобул режими қаблии худро бо номи “Иморати исломии Афғонистон” барқарор карданд. Ҳукумати Толибонро то кунун ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.  Дар Тоҷикистон низ Толибон ҳамчун як ҳаракати ифротӣ мамнӯъ эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button