ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҚУРБИ РУБЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 141 ШУД: ДАР ДУ РӮЗ 5 ФОИЗ АФТИД!

Тайи ду рӯзи гузашта баъди аз сӯи Русия ба расмият шинохтани “истиқлол”и минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украина – ба ном “ДНР” ва “ЛНР” – қурби расмии рубли Русия дар Тоҷикистон беш аз 5% пойин рафт. Агар рӯзи 21 феврал, пеш аз онки президенти Русия Владимир Путин вилоятҳои Донетску Луҳанскро эътироф кард, 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон 149 сомонӣ қурб дошт, рӯзи 22 феврал қурбаш то 144 сомонӣ барои 1000 рубл пойин фаромад ва рӯзи 23 феврал алакай то ба ҳадди 141 сомонию 60 дирам афтид.

Қурби рубл ҳамин тавр дар баробари дигар асъори хориҷӣ низ башиддат коҳиш ёфта истодааст ва барои мисол, қурби як доллари Амрико дар биржа алакай ба 80 рубл наздик шудааст.

Иқтисоддонҳо дар пасманзари мавҷи нави таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Русия барои рафтораш нисбат ба Украина дар оянда боз ҳам пойин рафтани қурбли рублро пешбинӣ мекунанж. Уфти қурби рубл бахусус ба сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ки беш аз як миллионаш дар Русия кор мекунанд,  ва ҳамчунин ба он хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгораш пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашон аз Русия аст, зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Дар айни замон, қурби расмии доллару евро дар Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣ монда, рӯзи 23 феврал як доллар 11 сомонию 30 дирам ва як евро 12 сомонию 82 дирам арзиш дошт. Қурби гривна, пули миллии Украина ҳам дар ду рӯзи охир ҳамагӣ як фоиз тағйир ёфтааст: Рӯзи 21 феврал 1000 гривна, тибқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикисстон, 398 сомонию 90 дирам арзиш дошт, рӯзи 23 феврал бошад – 390  сомонию 70 дирам.

Ҳанӯз то эътирофи минтақаҳои ҷудоиталаби Украина агентии эътиборсанҷии иқтисодию молиявии Moody’s пешбинӣ карда буд, ки таҳримоти нав ба зидди Русия аз ҳама сахт ба иқтисоди он кишварҳои СНГ, ки аз Русия вобастагии зиёд доранд, аз ҷумла ба иқтисоди Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова ва Арманистон, зарба хоҳад зад.

Moody’s гуфт, дар қиболи таҳримоти зидди Русия аз ҳама осебпазир Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари муҳоҷирфиристанд, ки ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷиронашон хеле кам мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button