ВарзишВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ ДАР СИЗО ДОИР ХОҲАД ШУД (ВИДЕО)

Мурофиаи додгоҳии парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари поп-ММА аз вилояти Бадахшон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 28 феврал дар толори мурофиаҳои Боздоштгоҳи №1 оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора ибтидо хабарнигорони зодаи Бадахшон Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ дар Фейсбук ва рӯзи 23 феврал Эътилофи зидди беҷазоӣ ва шиканҷа дар Тоҷикистон, як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки  Чоршанбиевро бо вакилони дифоъ таъмин кардааст, хабар доданд.

Бино ба иттилои адвокатҳо, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  қарор кардааст, ки мурофиаи парвандаи Чоршанбиев ба таври кушод, вале дар дохили боздоштгоҳ сурат бигирад. Вале Эътилофи зидди шиканҷа дар изҳороташ хостори дар фазои боз доир кардани мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо шуда, гуфтааст, баргузории мурофиа дар дохили боздоштгоҳ дар роҳи дастрасии озодонаи аҳли ҷомеа ва хабарнигоронро дучори мушкил гардонда, хилофи яке аз кафолатҳои асосии дастрасӣ ба ҳуқуқ ба адолати додгоҳист.

Ду ҳафта пеш манобеи наздик ба таҳқиқи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев хабар доданд, ки тафтиши пешакии ин парвандаи пурсарусадо алакай ба анҷом расонда шуда, парванда барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе супурда шудааст.

 Ба гуфтаи ин манобеъ, аз ҷумла пайвандони варзишгар ва масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки адвокатҳои ҳамин созмон аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, тафтишот иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароиро аз айбномаи зидди Чоршанбиев бардоштааст ва ҳоло  варзишгар танҳо ба даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон айбдор мешавад. Худи Чоршанбе Чоршанбиев ва наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд. Бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба варзишгар аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Дар кирдорҳои Чоршанбе он аломатҳои ҷиноят ҷой надорад, ки ба барангехтани хусумати нажодӣ, миллӣ, минтақавӣ, динӣ, паст задани шаъну эътибори нажодӣ ё минтақавӣ оварда расонда бошад. Аз ин рӯ, моддаи 189 аз парвандаи ӯ бардошта шуд,” – гуфта буд як манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ. Ба қавли ӯ, парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи видеоест, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Ҳамсуҳбати Озодӣ гуфтааст, мақомот ин суханони варзишгарро  “ҳамчун як далели даъват ба сарнагунии ҳокимият” арзёбӣ кардаанд. “Додгоҳ бояд инро муайян кунад, ки оё ҳарфҳои Чоршанбе Чоршанбиев даъват ба сарнагунии ҳокимият аст ё не?” – афзудааст вай.

Чоршанбе Чоршанбиев 26 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабр, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабр ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон баъди чанд соат хабар доданд, ки ӯро рост дар фурудгоҳи Душанбе дастгир  ва барангехтани кинаю адоват ва даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд. Мухолифонаш Чоршанбиевро ба он айбдор мекунанд, ки як замон аз тоҷик ном бурданаш ор мекард ва дар ҳаққи тоҷикҳо носазо мегуфт. Вале ӯ тобистони соли 2021 дар як видео барои он суханонаш узр хоста, махсус бо парчами Тоҷикистон акс гирифт ва гуфт, аз ин ба баъд дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ба майдон хоҳад баромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button