ВидеоИқтисодМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 30 МАРТ ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ АЗ ХУҶАНД БА БАРНАУЛ ШУРӮЪ МЕШАВАНД

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Барнаул ба номи кайҳоннавард Герман Титов  рӯзи 23 феврал дар сомонааш хабар дод, ки аз 30 март парвозҳои мустақим дар хатсайри нави Хуҷанд-Барнаул-Хуҷанд шурӯъ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” бо ҳавопаймои роҳати тамғаи Airbus A320 анҷом дода мешаванд.

Парвоз аз Хуҷанд соати 07.00, расидан ба Барнаул соати 11.50.

Парвоз аз Барнаул соати 15.50, расидан ба Хуҷанд соати 16.40.

Дар муаррифиномаи хатсайри нав дар сомонаи фурудгоҳи Барнаул Хуҷандро “пойтахти шимолии Тоҷикистон” ном бурдаанд.

 “Хуҷанд дуюмин шаҳри бузургу муҳими Тоҷикистн ба шумор рафта, онро пойтахти шиомлӣ меноманд. Дар Хуҷанд  ёдгориҳои асрҳои миёна, масҷиду мазорҳо, боқимондаҳои қалъае, ки мисли ин шаҳр қадима аст, ҳифз шуда, боз маконҳои дидании зиёде мавҷуд аст. Бо таърихи ин шаҳр метавон дар Осорхонаи кишваршиносӣ, ки дар паҳлуи яке аз деворҳои қалъа ҷойгир шудааст, метавон огоҳ шуд. Хуҷанд, ки дар байни Самарқанд ва Қӯқанд ҷойгир шудааст, тарзи зиндагии мардуми сокини ин манотиқро дар худ таҷассум мекунад. Дар инҷо тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва халқҳои дигар ба сар мебаранд. Барои бисёриҳо шояд табиати Хуҷанд ҳам ҷолиб боҳад: дар наздикии шаҳр обанбори Қайроққум ва кӯҳҳое, ки дар пои онҳо боғҳои бузурге бино кардаанд, ҷойгир шудаанд. Барои дӯстдорони кӯҳнавардӣ бошад, минтақаи Оқсӯ ҷолиб аст, ки ҳамагӣ дар фосилаи ду соат бо мошин дар самти ҷануб ҷойгир шуда, қуллаҳои  баландиашон беш аз 5 ҳзаор метр дар ин ҷо то ба фалак сар кашидаанд”.

Чиптаҳо барои парвоз дар ин хатсайри нав байни Барнаул ва Хуҷандро метавон аз сомонаи ширкати “Уральские авиалинии”, дар худи фурудгоҳи Барнаул ва ҳамчунин дар тамоми авиакассаҳои шаҳри Барнаул ва вилояти Олтойи Русия харидорӣ кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button