ВидеоМуҳоҷирон

ҲАМЛАГАРОН БА КОРМАНДОНИ ПУЛИС ДАР МЕТРОИ МАСКАВ САИДАКРАМ ҲАМРОЕВ ВА УМАР РАСУЛҶОНЗОДА АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Маскав нафари дуюми ҳамлакарда ба ду корманди пулис дар истгоҳи метрои “Тулская” дар маркази пойтахти Русияро ҳам дастгир кардаанд. Ҳарду ҳамлагар зодагони Тоҷикистон будаанд – Саидакрам Ҳамроеви 22-сола ва Умар Расулҷонзода, ки ҳамагӣ 18 сол дорад. Далели бо кормандони пулис дастбагиребон шудани онҳо норӯшан боқӣ мемонад.

Кумитаи тафтишоти Русия видеои лаҳзаҳои бозҷӯии онҳоро нашр кард.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат ҳангоми иҷрои вазифаашон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷики дастгиршуда бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия то 5 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекунад.

Бино ба хабарҳо, шоми 17 феврал кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” Саидакрам Ҳамроев, соли таваллудаш 2000умро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ шудаанд. Вале он мард ба далели ҳанӯз номаълуме бо кормандони пулис дастбагиребон шуд ва ӯро ба замин хобонда, дастонашро ба пушт тоб  доданд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як дӯсти муҳоҷири дастгиршуда ба кумаки ӯ шитофта, бо ҳарду пояш бо шаст яке аз кормандони пулисро зада, аз пой меафтонад ва занозанӣ сар мешавад. Ин нафари дуюм, бино ба хабарҳо, Умар Расулҷонзода, соли таваллудаш 2003 будааст. Дар ниҳоят, Расулҷонзода аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале Ҳамроевро дастгир карданд.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин хабари ҳамлаи муҳоҷирон ба кормандони пулис танҳо дар шаҳри Маскав аст. Дар ду ҳамла зодагони Тоҷикистонро айбдор мекунанд.

Лаҳзаи ҳамла ба кормандони пулисро видеокамераҳои назоратии насбшуда дар истгоҳи метрои “Тулская” аз чанд зовияи гуногун сабт кардаанд:

Қаблан расонаҳои Русия бо такя ба манобеашон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба ду корманди пулис дар ҷануби шаҳри Маскав хабар доданд.

“Ин ҳодиса шоми 15 феврал рӯй додааст. Яке аз гумонбаршавандагон, ғолибан зодаи Тоҷикистон, ҳангоми боздошташ дар кӯчаи Мединская бо корд ба кормандони пулис ҳамла кардааст. Ду нафар ҷароҳат бардоштаанд “, – хабар додааст манбаи хабаргузории ТАСС. Кӯчаи Мединская дар минтақаи Бирюлёвои ғарбӣ ҷойгир шудаст.

Бино ба маълумоти шабакаи РЕН ТВ , кормандони пулис дар пайи ба дасташон расидани хабари занозании се нафар дар даромадгоҳи як бино ба кӯчаи Мединская омаданд. Ба пулис хабар додаанд, ки яке аз иштирокчиёни занозанӣ дар даст корд дорад.

 “Ҳангоми боздошт ин ҷавони мусаллаҳ бо корд ду корманди пулис аз ноҳияҳои дастонашон бо корд захмӣ кардааст. Дар пайи ин ба ҷои ҳодиса кормандони бештари пулис омадаанд. Ҳамлагар як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон буда, дар Маскав ҷои зисти доимӣ надоштааст. Кормандони осебдидаи пулисро бо захмҳои даст дар бемористон бистарӣ кардаанд”, – хабар дод РЕН ТВ.

Ҳамчунин канали “Мэш” рӯзи 11 феврал хабар дод, ки ду корманди пулис дар Маскав аз ҷониби муҳоҷирон латтукӯб шудаанд. Бино ба иттилои нашрия, ҳодиса дар ноҳияи Тсаритсино (Царицыно) дар ҷануби пойтахти Русия рӯй додааст.

 “Сокинони биноҳои ҳамсоя ба пулис аз рафтори зодагон Осиёи Марказӣ шикоят кардаанд. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада,  ду ҷавони масти лояқилро диданд, ки дар майдончаи кӯдакон ба шаробнӯшӣ идома медоданд. Онҳо нишон додани ҳуҷҷатҳои худро рад карда, ҳангоми кӯшиши боздошташон муқовимат нишон додааанд ва кормандони пулисро дашном дода, латтукӯб кардаанд. Онҳо ҳатто тавонистаанд аз дасти як корманди пулис калтак (дубинка)-ашро  кашида бигиранд. Дар ин лаҳза корманди дуюми пулис силоҳашро берун кашида, таҳдид кардааст, ки тир мекушояд. Ба кормандони пулис муяссар шудааст, ки Нурлан ном ҷавони 28-солаи зодаи ҷумҳурии ҳамсояро дастгир кунанд, вале шарики ӯ тавонистаст фирор кунад”, –  хабар медиҳад “Мэш”.

Бино ба иттилои канали “Мэш”,  барои кормандони осебдида пулис “Ёрии таъҷилӣ”ро даъват кардаанд ва ҳардуро бо ҷароҳатҳои аз қисмати сар бардоштаашон бистарӣ кардаанд.

Маъмулан муҳоҷирон аз сар ба сар шудан бо кормандони пулиси Русия ҳадалимкон ҳазар мекунанд. Дар аксар ҳолатҳо муҳоҷирон дар Русия дар сурати хеле ба ҷон расиданашон ба сари пулис мушт мебардоранд ё ба зарбаҳои онҳо ҷавоб медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button