ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ (НО)МАРДЕ, КИ БАРОИ АКСҲОИ БАРАҲНАИ МАЪШУҚААШ АЗ Ӯ ПУЛ ТАМАЪ ДОШТ

Марди 31-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ карда, баъдан, аз ӯ бо роҳи тамаъҷӯӣ 10 ҳазор сомонӣ талаб кардаву таҳдид кардааст, ки  агар пул надиҳад, наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандонаш, аз ҷумла бародараш, ва дар Интернет паҳн мекунад.

хххххххххххххх

Сокини 33-солаи Хуҷанд  ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 12 феврал аз утоқи кории роҳбари ҶДММ «Фараҳ Ойл» 35 ҳазору 580 сомониро дуздидааст.

хххххххххххх

Марди 56-солаи сокини пойтахт барои он боздошт шуд, ки ҳанӯз соли 2017 бо роҳи фиреб аз як зани 32-солаи сокини Душанбе 22 ҳазор доллар ва 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағҳои қарзи бонкиашро кам ҳисоб мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 18 феврали маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардани маблағи муфт

v9BCfbaNQ-rrIS fJY0UTxAQndvSD0GrdHt53z6eJZ-0nNuAOOfLx-2yu49Sn8JXv9fjPF285B5cnqLtop-vO78UlriCmAeq72WYypDJIL7VMFirs8vE2zUajPo_z-FK9EpOtDnjDuJopBuvYu4wpR3mBHqqT9bZGzl2aLIa6koOlZfeVBlSKIpga59HbsD_oBDsCaIYgNvmn3m9_ejWDNUca4

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 31-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавонзани 25-сола даромада, ӯро бо тариқи телефони мобилӣ навори видеоӣ ва аксбардорӣ карда, баъдан, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб кардааст, ки дар сурати надодани маблағ наворҳои бараҳнаи ӯро ба хешовандони наздикаш, аз ҷумла бародараш ва дар шабакаҳои интернетӣ паҳн менамояд. Ҳамин тариқ, ӯ бо ин роҳ аз ҷабрдида дар умум 4 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Нисбати гумонбаршуда аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздӣ аз дохили ҳуҷраи корӣ

032

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур, роҳбари ҶДММ «Фараҳ Ойл», муроҷиат намудааст, ки шахси номаълум 12-уми феврали соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кориаш даромада, аз он ҷо 35 ҳазору 580 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди қаллоб

008

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 56-солаи сокини пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағҳои қарзи бонкиашро кам ҳисоб мекунад, аммо ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button