ВидеоТаърихТоҷикистон

АЗ 14 БА 21: ХӮҶА-КОМАНДИР ИН ДАФЪА БА 21 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи олии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар пайи баррасии парвандаҳои наваш ба 21 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додгоҳи олӣ 9 феврали соли 2021 Хӯҷа-Командирро бо ҷурми гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, бандитизм ва куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба 14 соли зиндон маҳкум кард, вале бисёриҳо 14 солро барои ҷиноятҳои сангини ин ҷангсолор хеле сабук номида, изҳори норозигӣ мекарданд.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ҳукм ду рӯз пеш эълон шуд ва он бо назардошти ҳукми пешинаш, яъне дар маҷмӯъ 21 сол хонда шуд”. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи судури ҳукми аввали Хӯҷа-Командир “беш аз 15 каси дигар дар мавриди гаравгонгирӣ, одамкушӣ, роҳзанӣ аз сӯи Хӯҷа Каримов шикоят карданд”.

Як манбаи огоҳ аз ҷараёни парванда ба Озодӣ гуфтааст, ки ӯ дар мурофиа бархе иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо қабул накардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ барои Хӯҷа Каримов 30 соли ҳабс хоста буд. Наргиси Абдураҳим, духтари Хӯҷа Каримов, рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо талаби додситон ва иттиҳомҳои эълоншуда розӣ нест: “Ҷиноят содир шудааст ё не, чизе гуфта наметавонам. Он солҳо хурд будам. Аз он ҷое, ки падарамро мешиносам, бовар надорам, ӯ чунин ҷиноят кардааст. Ҳама вақт ба ин бовар ҳастам, ки падарам ҷинояткор нест. Худаш ҳам ҷинояткориро тасдиқ намекунад”.

Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омада, оиладор, соҳиби 7 духтар аст. Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.

Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулоддааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Аз ҷумла Саидаҳмад ном нафареро ӯ ба пойҳояш тир зада, баромада меравад ва баъди чанд соат вақте бармегардаду мебинад, ки ӯ зинда аст, таҷрибаи духтуриашро ба ёд оварда, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳарду пои ӯро мебурад. Ин мард 29 сол боз аз пои равон маҳрум буда, ҳоло бо гитара дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.

Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.

Моҳи марти соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар ҷаласаи парлумон бо иттиҳоми даст доштани дар чандин куштор, аз ҷумла қатли вакилони парлумон Саидшо Шоев (собиқ мудири корхонаи пахтаи Ғозималик), ки соли 1993 бо бародараш аз назди бинои Шӯрои Олӣ рабуда ва сипас кушта шуданд, дастгир карданд. Хӯҷа-Командирро ҳамчунин ба қатли ҳамсангари давраи ҷангаш генерал Тағай Шукуров айбдор мекарданд. Вале ӯ баъди чанде аз боздошт озод шуд.

Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавону умедбахшро  бо умеди баъдан ба дастаҳои хориҷӣ фурӯхтани онҳо гирд оварда буд.

Аммо сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард. Мегуфтанд, ки ӯ ба Малайзия ва сипас ба Иморот паноҳ бурдааст. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба ҷои Хӯҷа Каримов президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда дуд, боре қисса кард, ки зимни як сафараш ба Малайзия барои ширкат дар ҷаласоти Конфедератсияи футболи Осиё, дар меҳмонхонае дар Куала-Лумпур бо Хӯҷа рӯбарӯ зад, вале Хӯҷа, ба гуфтаи Сӯҳроб Қосимов, аз суҳбат бо вай канора ҷуста, зуд меҳмонхонаро тарк кард.

Хӯҷа Каримовро баъди тақрибан 20 соли фирораш аз Тоҷикистон  рӯзи 30 июли соли 2019  дар Дубай дастгир карда, моҳи феврали соли 2020 аз Иморот ба Душанбе оварданд.  9 феврали соли 2021 Додгоҳи олӣ ӯро ба 14 соли зиндон ва Рустам Ҷабборов, мулаққаб ба Рустам Командир, яке аз ёрони наздикашро ба 13 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Рустам Командир дар пайи эълони ҳукмаш эътироз карда, дашномҳои қабеҳ додааст. Ба ин далел, моҳи майи соли 2021 ба ҳукми ӯ бо ҷурми авбошӣ якуним соли дигар илова карданд.

“Баъди ҷамъбаст гардидани мурофиаи судӣ ва аз толори судӣ баромадани судя ва ҳайати суд дар ботини Ҷаборов Р.С., ки ҳанӯз бо ҳаммаслаконаш дар дохили панҷараи оҳанин карор доштанд, ҳиссиёти авбошӣ пайдо гардида, дар ҳузури зиёда аз 20 нафар кормандони тавқифгоҳи тафтишотӣ, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони дар маҷлиси судӣ иштирокдошта, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбати ҷабрдида Қаюмова Ш. дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ намуда, муддати зиёда аз 15 дақиқа тартиботи дохилаи тавкифгоҳи тафтишотиро дағалона вайрон намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти додситонии кул.

   Дар натиҷа, сарбозони дар кисмати беруни маҷлисгоҳ буда ва кормандони дигари тавқифгоҳи тафтишотӣ аз ҳуҷраҳои кориашон берун баромада ба толори маҷлисгоҳи судӣ ворид шуда Ҷаборов Р.С.-ро ором намуда, тартиботи муқаррарии тавқифгоҳро барқарор намудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button