ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ СӮХТОР ДАР МЕҲМОНХОНАИ “ПАРЛАМЕНТ” ДАР ХУҶАНД

 Дар Интернет видеои сӯхтор дар меҳмонхонаи “Парламент” дар шаҳри Хуҷанд нашр шуд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор рӯзи 16 феврал, соати 15:50 сар задааст, вале доманаи он бузург набуд ва ҳамагӣ ду мошини сӯхторнишонӣ тавонистаанд онро зуд хомӯш кунанд.

Масоҳати сӯхтор ягон 8-10 метри мураббаъ буд”, –  гуфтаанд ба хабаргузории “Спутник” дар хадамоти сӯхторнишонии вилояти Суғд.

Сабаби ҳодисаро бояд гуруҳи корӣ дақиқ кунад, вале бино ба фарзияи муқаддамотӣ, сабаби сӯхтор метавонист дастгоҳҳои мусиқӣ дар қаҳвахонаи назди меҳмонхонаи “Парламент” бошад.

Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» иборат аз  4 ошёна ва таҳхона  29 марти соли 2018 дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Ин меҳмонхона дар майдони як гектар дар кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё қомат афрохтааст.

Лоиҳаи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия шуда, паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» буд, Меҳмонхонаи «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад.

Хадамоти матбуоти президент он вақт хабар дод, ки “иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст”. Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, соҳиби асосии “Парламент” домоди сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аст. Дар бораи ӯ ҳамин қадар маълум аст, ки пеш овозхон буд ва ҳамроҳи Ҷонибек Муродов дар гуруҳҳои “Боло” ва “Вазир” ҳунарнамоӣ мекард.

Дар аввали соли ҷорӣ дар Хуҷанд қаҳвахонаи машҳури “Насими Баҳор” ва дар Душанбе тарабхонаи низ хеле машҳури “Яккасарой” дучори сӯхтор шуда буданд. Қарор аст, “Яккасарой” алакай дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ бо дизайну ороиши комилан дигар аз нав ба фаъолияти худ сар кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button