ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

ШАҲРДОРИ ХОРУҒ АЗ БОҚИР ТАЛАБ КАРД, КИ “БА ХОТИРИ ТИНҶӢ” ХУДРО БА МАҚОМОТ СУПОРАД (ВИДЕО)

Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ аз Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақозо кард, ки худро ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ бисупорад ва барои латтукӯби раиси идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ҷавоб диҳад. Ризо Назарзода Боқирро “роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Хоруғи боло” ном бурд ва гуфт, маҳз густариши фаъолияти чунин гуруҳҳои ҷиноӣ боиси бесуботию беназмӣ дар шаҳр шуда, монеи пешрафти иқтисодӣ ва ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил ёфтани Тоҷикистон шудааст.

“Дар ҳоле ки ҷинояткорӣ дар Хоруғ доман паҳн кунад, ҷинояткорон ва гуруҳҳои ҷиноӣ беҷазо монанд ва зомини ҳаёти даҳҳо ҷавони ноогоҳ ва фирефта шаванд,  маводи мухаддир дар гардиш бошад, чӣ тавр  мо Хоруғро ба нигини Бадахшон ва Бадахшонро ба  дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил медиҳем?” – суол гузошт раиси Хоруғ.

Ризо Назарзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз сокинон “ноогоҳона” дар кӯчаҳо ба ҳимоят аз “саркадагони гуруҳҳои ҷиноятӣ” навбатдорӣ ташкил кардаанд ва вакилони халқро бо таҳдиди радди маърака шудан маҷбур карда истодаанд, ки ваколати худро бисупоранд. Ӯ аз Боқир талаб кард, ки “ба хотири тинҷию амонӣ” дар назди қонун ҷавоб гӯяд ва ҳаёти сокинон, бахусус ҷавононро зери хатар нагузорад. 

Муроҷиатномаи шаҳрдори Хоруғ тавассути ТВ “Бадахшон” нашр шуд.

Қаблан гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), ки Боқир дар ҳамин маҳалла ба сар мебарад, дар як муроҷиатнома аз мақомоти Тоҷикистон  хостанд, ки аз нақшаи роҳандозии амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Боқир ва чанд сокини дигари ин маҳалла даст бикашанд.

Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, воқеъияти ҳол дар Бадахшон ва аз ҷумла дар Хоруғ на ба гунаест, ки мақомот тасвир карданӣ мешаванд. Онҳо  мегӯянд, Боқир на ҷинояткор, балки нафарест, ки ба зидди коррупсия мубориза мебарад ва аз мазлумон пуштибонӣ мекунад. Сокинони Бархоруғ мегӯянд, дар солҳои охир дастикам 10 сокини ин маҳалла аз ҷониби мақомоти қудратӣ кушта шуданд ва ҳоло мақомот бо роҳандозии амалиёти махсус Боқирро ҳам ё зиндонӣ кунанд ё нобуд кунанд.

Ҳафтаи гузашта додситонии Бадахшон гуфт, ба зидди Боқир бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов парвандаи шикоятӣ кушодаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин талаб кардаанд, ки 6 сокини дигари маҳаллаи Бархоруғро бисупоранд. Боқир ба он айбдор мешавад, ки гӯё Наврӯзовро латтукӯб карда, ӯро маҷбур кардаст, ки хонааш дар маҳаллаи Бархоруғро тарк кунад. 6 сокини дигари Бархоруғ ба он айбдор мешаванд, ки гӯё дар рӯзҳои эътирозҳои ахири Хоруғ (аз 25 то 28 ноябр) намояндагони давлатро таҳқиру латтукӯб кардаанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button