ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

НАШРИ ВИДЕОИ РАҲПАЙМОИИ “СПЕТСНАЗ” ДАР ФУРУДГОҲИ ХОРУҒ (ВИДЕО)

Дар  Интернет видеои раҳпаймоии нирӯҳои вижаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи Хоруғ нашр шудааст. Дар ин видео, ки зоҳиран аз ҷониби худи ҷанговарони нирӯҳои вижа сабт шудааст, дида мешавад, ки афроди мусаллаҳи либоси ҳарбӣ дар тан гуруҳ – гурӯҳ аз як пайроҳаи қисман аз барф тозакардашуда дар ҳудуди зери кӯрпаи ғафси барфи ягона фурудгоҳи маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пиёда пешу қафо қадам мезананд.

Ҳеҷ тафсилоте дода нашудааст, ки оё ин ягон тамрини низомист ё ҳамту як қадамзанӣ?

Видеои раҳпаймоии нирӯҳои вижа дар ҳоле нашр шуд, ки сокинони Хоруғ бо нигаронии афзоянда чанд рӯз боз мунтазири шурӯи амалиёти махсус ба зидди Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир) ва тарафдорони ӯ мебошанд ва ба хотири ҳимоят аз ин лидери ғайрирасмии минтақа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Сокинони Хоруғ мегӯянд, роҳҳое, ки ба тарафи хонаи Боқир дар маҳаллаи Бархоруғ мебаранд, алакай аз маҳаллаи “Хлебзавод” баста шудаанд, то нирӯҳои вижа дар сурати шурӯи амалиёт озодона ба тарафи хонаи Боқир рафта натавонанд.

Ба зидди Боқир бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов  бо иттиҳоми таҳқиру латтукӯби намояндаи давлат парвандаи шикоятӣ кушодаанд.  Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин талаб кардаанд, ки 6 сокини дигари маҳаллаи Бархоруғро, ки низ ба таҳқиру латтукғби намояндагони давлат дар рӯзҳои эътирозҳои ахири Хоруғ (аз 25 то 28 ноябр)  айбдор мешаванд, бисупоранд. Ҳоло ба намояндагӣ аз мақомот раиси вилоят генерал Алишер Мирзонабот ва вакили парлумон Азиз Гиёзода бо одамони Боқир дар ин масъала вориди музокирот шудаанд. Мақомот огоҳ кардаанд, ки агар нафарони таҳти ҷустуҷӯ ихтиёран таслим нашаванд, барои боздошти онҳо амалиёти вижа ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ахиран гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), ки Боқир дар ҳамин маҳалла ба сар мебарад, дар як муроҷиатнома аз мақомоти Тоҷикистон  хостанд, ки аз нақшаи роҳандозии амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Боқир ва чанд сокини дигари ин маҳалла даст бикашанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, 58 сол дошта, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button