ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

МУРОҶИАТНОМАИ СОКИНОНИ БАРХОРУҒ: ЧУН ТЕҒ БА ДАСТ ОРӢ, МАРДУМ НАТАВОН КУШТ! (ВИДЕО)

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), ки Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар кӯчаи М.Иҷубови ҳамин маҳалла ба сар мебарад, дар як муроҷиатнома аз мақомоти Тоҷикистон  хостаанд, ки аз нақшаи роҳандозии амалиёти ҳарбӣ барои боздошти Боқир ва чанд сокини дигари ин маҳалла даст бикашанд. Ҳафтаи гузашта додситонии Бадахшон гуфт, ба зидди Боқир бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов парвандаи шикоятӣ кушодаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин талаб кардаанд, ки 6 сокини дигари маҳаллаи Бархоруғро бисупоранд. Боқир ба он айбдор мешавад, ки гӯё Наврӯзовро латтукӯб карда, ӯро маҷбур кардаст, ки хонааш дар маҳаллаи Бархоруғро тарк кунад. 6 сокини дигари Бархоруғ ба он айбдор мешаванд, ки гӯё дар рӯзҳои эътирозҳои ахири Хоруғ (аз 25 то 28 ноябр) намояндагони давлатро таҳқиру латтукӯб кардаанд.

Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, воқеъияти ҳол дар Бадахшон ва аз ҷумла дар Хоруғ на ба гунаест, ки мақомот тасвир карданӣ мешаванд. Онҳо  мегӯянд, Боқир на ҷинояткор, балки нафарест, ки ба зидди коррупсия мубориза мебурд. Сокинони Бархоруғ мегӯянд, дар солҳои охир дастикам 10 сокини ин маҳалла аз ҷониби мақомоти қудратӣ кушта шуданд ва ҳоло мақомот бо роҳандозии амалиёти махсус Боқирро ҳам ё зиндонӣ кунанд ё нобуд кунанд.

Ин муроҷиатнома дар ҳоле нашр шуд, ки сокинони Хоруғ чанд рӯзи охир мунтазири шурӯи амалиёти махсус ба зидди Боқир ва тарафдоронаш мебошанд ва ба хотири ҳимоят аз ин лидери ғайрирасмии минтақа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Сокинони Хоруғ мегӯянд, роҳҳое, ки ба тарафи хонаи Боқир дар маҳаллаи Бархоруғ мебаранд, алакай аз маҳаллаи “Хлебзавод” баста шудаанд, то нирӯҳои вижа гузашта натавонанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, мақомот аз Боқир талаб кардаанд, то 6 тан аз тарафдоронашро бисупорад:

1.Ақназаров Ақназар Алиназарович, с.т. 1992,
2.Зикилобеков Сино Файзиллобекович, с.т. 1993,

3.Султоншоев Хуршедшо Мамадасанхонович, с.т. 1984,
4. Шабонов
Ҷамшед Шокирҷонович, с.т. 1986,
5. Носиралиев Сафарали Шакаралиевич,
с.т. 1973,
6. Шеров Манучер Мисжитович,
с.т. 1986.

Яке аз инҳо сокини кӯчаи Қирғизбек ва бақия аз кӯчаи М.Иҷубованд. Худи Боқир низ дар ҳамин кӯчаи М.Иҷубов зиндагӣ мекунад. Дар умум маҳаллаи Бархоруғ яке аз минтақаҳои асосии зери нуфузи Боқир  дар Хоруғ ба шумор меравад.

Ҳамзамон додситонии вилояти Бадахшон ахиран хабар дод, ки бар асоси шикояти сардори идораи маорифи вилоят Лутфулло Наврӯзов ба зидди Мамадбоқиров бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳомоте, чун “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”; “таҳқири намояндаи ҳокимият”; “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”; ва “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Додситони вилоят Парвиз Орифзода  гуфт, Маҳмадбоқиров “аз даъвати тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд.”

Лутфулло Наврӯзов иддао дорад, ки Боқир шаби 29 январ ба бинои идораи маориф, ки дар маҳаллаи Бархоруғ ҷойгир шудааст ва Наврӯзов дар қабати чоруми ҳамин бино зиндагӣ дошт, омада, ӯро таҳқиру латтукӯб кардааст ва маҷбур кардааст, ки Бархоруғро тарк кунад.

Боқир ин иддаои Наврӯзовро рад мекунад ва мегӯяд, “бо муаллим фақат як суҳбати падарона кардам”. Ин лидери ғайрирасмии Бадахшон рӯзи 5 феврал дар муроҷиатномааш навишт, , сабаби пеши Наврӯзов рафтанаш ин буд, ки “муаллимон ва муаллимаҳои зиёде ба назди ман омада, барои маҷбуран гирифтани интервю ва вокуниш нишон додан шикоят карданд. Ман ба пеши ў бо маслихат даромада фахмондам , ки зиёда аз ду моҳ шуд , ки ту кори худро монда , муаллимонро нисбати ман барои додани интервю ва бадном кардани ман равона мекунӣ. Маро ба ҳолам гузор ва ба сиёсат кордор нашав…”

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, 58 сол дошта, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Махмадбокир преступник. А те кто выступают за него, тоже такие ж преступники как и он.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button