
Идораи боҷхона ё гумруки Красноярск рӯзи 7 феврал хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи ин шаҳри воқеъ дар қисмати шарқии минтақаи Сибири Русия аз бағочи мусофире, ки аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба Красноярск омада буд, 139 қуттӣ атр пайдо кардаанд.
Сухангӯи боҷхонаи Красноярск Анна Помазкина гуфт, “шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон барои гузаштан аз назорати гумрукӣ аз роҳрави “сабз” истифода бурд ва бо ин эълом кард, ки ӯ бо худ молҳое, ки бояд эъломияи гумрукӣ шаванд, надорад. Вале ҳангоми тафтиши гумрукӣ дар фурудгоҳ аз бағочи ӯ 139 қуттӣ атри истеҳсоли Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ёфт шуд”.
Кормандони гумрук ин ҳама атриётро мусодира карда, ба зидди ҷавони тоҷик бар асоси қисми якуми моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба вай бар асоси ин банди қонун барои дар гумрук нишон надодани молҳои бо худ овардааш ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи ду баробари молҳои аз ӯ гирифташуда бо ваё бе мусодираи ин молҳо таҳдид мекунад.
Мутахассисон арзиши атриёти аз ин ҷавони тоҷик гирифташударо дар бозор наздики 90 ҳазор рубл баровард кардаанд. Яъне ба ӯ ҷарима ба маблағи то 180 ҳазор рубл, муодили тақрибан 2400 доллар таҳдид мекунад.
Ҷавони тоҷик зимни бозҷӯӣ гуфтааст, ки ин атриётро бо хоҳиши як дӯсташ аз Тоҷикистон оварда буд ва мебоист баъди баромадан аз фурудгоҳ ба як каси дигар медод.