ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

95 ФОИЗИ ҲАМАИ ПАТЕНТҲОРО ДАР РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ӮЗБЕКУ ТОҶИК ХАРИДААНД

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба омори расмии ВКД Русия хабар дод, ки соли 2021 дар Русия ба муҳоҷирон 2 миллиону 221 ҳазору 826 патент барои фаъолияти корӣ фурӯхтаанд. Аз ин шумор 95 фоизаш, ё беш аз 2 миллион патентро муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон, ду кишвари асосии муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ гирифтаанд. Қирғизистон, боз як  манбаи дигари ирсоли нирӯи корӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия, узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёст ва ба муҳоҷиронаш барои кор дар Русия гирифтани патент лозим нест.

Бар асоси омори ВКД Русия, соли гузашта шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русия 1 миллиону 316  ҳазору 569 патент гирифтаанд, ки ин тақрибан 60% аз ҷамъи патентҳои додашуда дар Русияро ташкил медиҳад. Дар ҷои дуюм шаҳрвардони Тоҷикистон истодаанд, ки дар тӯли соли 2021 дар Русия 787 ҳазор патент гирифтаанд. Ин беш аз 35% аз ҷамъи патентҳои додашуда дар як соли охир аст. Барои се кишвари дигаре, ки шаҳрвандони онҳо низ ҳаққи бо патент дар Русия кор карданро доранд, ҳамагӣ 5 фоизи боқимондаи патентҳо рост меояд: шаҳрвандони Озарбойҷон дар як сол 65 ҳазор, шаҳрвандони Украина 37 ҳазор ва шаҳрвандони Молдова ҳамагӣ 17 ҳазор патент гирифтаанд.

Дар умум, дар соли 2021 шумораи патентҳои ба муҳоҷирон додашуда дар Русия назар ба соли 2020, ки пандемия авҷ гирифта буд, қариб ду маротиба афзудааст. Вале ин боз ҳам назар ба солҳои то пандемия хеле камтар аст.

Нархи патент дар вилоятҳои Русия хеле фарқ мекунад. Патенти аз ҳама арзон  – 2237 рубл дар як моҳ – соли гузашта дар Чеченистон буд ва аз ҳама гаронаш – 10 063 рубл дар ҷумҳурии Саха (Ёқутистон). Соли 2022 аксари минтақаҳои Русия нархи патентро барои муҳоҷирон боз ҳам болотар бурданд.

Соли гузашта Русия ба наздики 1,7 миллион нафар аз дигар кишварҳои дунё низ иҷозати кор додааст.

Чанде пеш Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории  ТАСС гуфт, бино ба омори расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2021 аз ин ҷумҳурӣ 321 ҳазору 353 нафар барои кор ба Русия сафар кардаанд. Вале ин арқом аз омори расмии Русия хеле фарқ мекард. ВКД Русия пештар хабар дод, ки тайи 9 моҳи январ – сентябри соли 2021 дар мақомоти муҳоҷирати Русия 2 миллиону 25 ҳазору 712 шаҳрванди Тоҷикистон худро сабти ном кардаанд ва  аз ин шумор 1 миллиону 597 ҳазору 481 нафар дар санадҳояшон нишон додаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.  

Барои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон, пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Тайи моҳҳои январ-сентябри соли 2021, асосан бо шарофати муҳоҷиронашон,аз Русия ба Ӯзбекистон 3,4 миллиард, ба Қирғизистон, 1 миллиарду 570 миллион ва ба Тоҷикистон 1 миллиарду 289 миллион доллар пул ирсол шудааст.

Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32% камтар буд. Соли 2020 аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.

Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button