ВидеоМуҳоҷирон

ТОБУТҲОИ 6 МУҲОҶИРБАЧАИ ТОҶИКИ ДАР РУСИЯ ҲАЛОКШУДАРО БА ВАТАН ОВАРДАНД (ВИДЕО)

Субҳи барвақти 30 январ тобутҳои 6 муҳоҷири тоҷикро, ки бар асари заҳролуд шудан аз дуди генератори гармидиҳанда дар як гармхона дар вилояти Волгогради Русия ба ҳалокат расиданд, аз Русия ба Тоҷикистон оварданд. Маросими дафни ин 6 муҳоҷири шаҳид давоми рӯзи 30 январ дар зодгоҳҳои онҳо дар ноҳияҳои Вахш, Ҷайҳун ва Ҳамадонӣ баргузор шуд.

Сухангӯи раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон гуфт, таҳти раҳбарии сардори ин идора Самад Саидзода як гуруҳи вижа таъсис дода, субҳи 30 январ барои дастгирии маънавиии хонаводаҳое, ки азизони худро дар ин фоҷиа аз даст доданд, ба фурудгоҳи Душанбе фиристоданд.

Мақомоти ноҳияи Вахш барои оилаи Файзиддиновҳо, ки дар он фалокати фоҷиабор дар Волгоград се узви ин оила ҷон бохтанд, барои интиқоли се тобути азизонашон ду мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҷудо карданд. Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон гуфт, айни чунин кумак ба хонаводаҳои қурбониёни дигари фоҷиаи Волгоград низ пешниҳод шуд, вале онҳо ин кумакро рад карда, гуфтаанд, азизони шаҳидшудаашонро бо мошинҳои худ аз фурудгоҳ мегиранд.

Бино ба маълумоти дақиқкардаи мақомоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, дар фоҷиаи шаби 26 январ дар ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград инҳо ҷон бохтанд:

1,2,3. Бародарон  Файзиддиновҳо: Қобилҷон (санаи таваллудаш 13 марти соли 2001), ва Қосимҷон (4 июли соли 2002), ҳамчунин амаки онҳо Нуриддин Файзиддинов (4 марти соли 1985), ҳарсе сокини деҳаи Наврафтори ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш.

4. Кабутов Саидакрам Ҳусниддинович (санаи таваллуд: 17 феврали соли 2000), сокини деҳаи Пахтаободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш.

5. Саломов Идибек Мирзохӯҷаевич (санаи таваллуд: 4 апреля 1992 г.р.), қаблан дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳун зиндагӣ мекард.

6. Муҳаммадҷон Раҳмоналӣ (санаи таваллуд: 7 феврали соли 2000), сокини ноҳияи Ҳамадонӣ.

Самад Саидзода, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон дар фурудгоҳи Душанбе шахсан ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ҷасадҳои ин 6 корманди хоҷагии фермерии “Ростотский” субҳи 26 январ дар дохили гармхонаи марбут ба ин хоҷагӣ дар деҳаи Рахино пайдо карданд. Гуфта мешавад, онҳо бар асари шабона аз кор баромадани генератори гармидиҳанда аз дуди он заҳролуд шудаанд. Бино ба хулосаи тафтишот, ин генератор, ки бо бензин кор мекард, бо нақзи қоидаҳои бехатарӣ гузошта шуда буд ва дудаш ба дохили гармхона мерафт.

 Дар робита ба марги ин 6 муҳоҷири тоҷик мақомоти тафтишотии вилояти Волгоград  бар асоси қисми себми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расондани беш аз ду нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 4 соли зиндон, маҳдуд кардани озодӣ ваё корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддатро пешбинӣ мекунад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button