ВарзишВидео

МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАВЛАТ БОЛТАЕВ ЧЕМПИОНИ ОСИЁ ШУД (ВИДЕО)

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев  дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар байни варзишгарони то синни 22 дар шаҳри Тошканд дар бозии ниҳоӣ бар рақибаш аз Қирғизистон Рутсам Ирисбек уулу ғолиб омада, сазовори медалҳои тиллои ин мусобиқот ва унвони қаҳрамони бокси Осиё дар вазни то 92 кило шуд. 12 медали тиллои боқимондаи мусобиқоти Тошканд насиби муштзанони дастаи мизбон, Ӯзбекистон шуд.

Давлат Болтаев дар даври сеюми райобати ниҳоӣ Рустам Ирисбекро мағлуб кард ва чемпион шуд. Ҷои сеюмро дар ин вазн муштзани ӯзбекистонӣ Ҷавоҳир Тағоймуродов ба даст овард.

Дар умум Тоҷикистонро дар мусобиқоти Тошканд 19 варзишгар намояндагӣ мекарданд. 7 нафари онҳо: 4 ҷавон ва 3 духтар соҳиби медал шуданд.

Ба ғайр аз Давлат Болтаев ҳамчунин се муштзани дигари ҷавон аз Тоҷикистон Абдумалик Болтаев, Некрӯз Салимов ва Шаҳбоз Ҳаитов соҳиби медалҳои нуқра шуда, дар байни занон Сумайя Қосимова дар вазни то 48 кило то даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва баъди шикасташ аз муштзани ӯзбекистонӣ Фарзона Фозилова бо медали нуқра  иктифо кард. Ҳусния Холова ва Малика Нозимова дар вазнҳои то 50 ва то 63 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар умум дар чемпионати Осиё дар Тошканд варзишгарон аз 12 кишвар иштирок карданд. Ин мусобиқот мебоист моҳи декабр доир мешуд, вале ба таъхир афтод. Ба ин далел, синни ниҳоии варзишгаронеро, ки ҳаққи иштирок доранд, як сол боло бурданд ва дар чемпионати Осиё дар Тошканд варзишгарони солҳои таваллудашон аз 1999 то 2003 иштирок карданд.

Духтарон дар 12 вазн аҳ 48 то беш аз 81 кило ва ҷавонон дар 13 вазн аз 48 то беш аз 92 кило вориди рақобат шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button