ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТИРПАРРОНӢ ВА РОҲБАНДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Нимаи дуюми рӯзи 27 январ вазъ дар марзи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон якбора бад шуд. Сокинони ҷамоати Чоркӯҳ хабар доданд, ки аз атрофи деҳаи Сомониён садои тирпарронии шадид байни марзбонони ду кишвар ба гӯш мерасад.

 Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара гуфт, ки тирпаррониро марзбонҳои қирғиз шурӯъ кардаанд. Вале Хиёлбек Толонбоев, сардори идораи марзбонии вилояти Бодканд гуфтааст, “тирпарронӣ сар шуд ва аз ҳарду тараф парронда истодаанд”.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон пештар хабар дод, ки марзбонони тоҷик байни соатҳои аз 17:30 то 18:00 ба таври якҷониба  як қитъаи роҳи Бодканд – Исфанаро дар мавзее, ки ҷониби Қирғизистон Торт-Кӯч  номаш кардааст, бастаанд. Вале Зубайдулло Шомадов гуфт, роҳро баракс ҷониби Қирғизистон бастааст ва ҳоло мақомоти маҳаллӣ барои баррасии ин масъала ташкили ҷаласаи изтирорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба ҷои ҳодиса рафта, бо ҷониби Қирғизистон вориди музокирот шудааст. Ҷониби Қирғизистон аз сафарбар шудани полковник Рустам Миршокиров, фармондеҳи отряди марзбонии Бодканд ва полковник Хиёлбек Толонбоев ба ҷои ҳодиса хабар медиҳад ва мегӯяд, марзбонони қирғиз ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи Тоҷикистон мегӯянд, ҷониби Қирғизистон роҳи Ворухро бастааст. Ба гуфтаи онҳо, сокинони рустоҳои қирғизнишин мошинҳои худро дар байни роҳ гузоштаанд, ки мошинҳои тоҷикҳо гузашта натавонанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button