Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

59 ҲОЛАТИ ГИРИФТОРӢ ДАР ДУ РӮЗ! МАВҶИ НАВИ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 22 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 36 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шудааст.  Ин вазорат , ки аз 20 ноябр ба ин тараф ягон ҳолати нави коронавирусро тасдиқ намекард, дар ду рӯзи охир алакай дар бораи 59 мавриди нави сирояти коронавирус хабар дод.

Гуфта мешавад, вазорати тандурустӣ баъди интиқоди тунди президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат маҷбур шуд, ба Тоҷикистон расидани мавҷи нави коронавирусро эътироф кунад. Ба гуфтаи шоҳидон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 январ дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат маълумоти воқеӣ дар бораи коронавирусро пинҳон кардани вазорати тандурустиро сахт интиқод кард ва хитоб ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдулллозода гуфт: “Мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб дода истодаем!”

Вазорати тандурустӣ аз 13 сентябр сиёсати гӯё “ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон”ро пеш гирифта, дар ин байн ҳамагӣ 5 мавриди нави сирояти ин бемориро тасдиқ карду тамом. Бори охир ин вазорат аз ошкор шудани ҳолатҳои нави коронавирус дар кишвар 20 ноябр хабар дода буд.

Бо ин ҳол, бо тасдиқи 59 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус дар ду рӯзи охир шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 22 январ дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, ба 17 ҳазору 154 нафар расид.  Вазорат то имрӯз марги 124 нафарро ба иллати коронавирус расман тасдиқ кардааст.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Дар чанд ҳафтаи охир ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва аксар ба таври хонахез, яъне бо тамоми аҳли оилаҳои худ бемории сахтеро пушти сар карданд, ки табибон онро “зукоми мавсимӣ” меномиданд. Вале натиҷаи ташхиси даҳҳо нафаре, ки ба ташхисгоҳҳои хусусӣ муроҷиат карданд, нишон медод, ки онҳо гирифтори коронавирус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button