ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР ҶАЙҲУН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 19-уми январи соли 2022, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Форланд”, Сабуров Ҳандулло Мирзомуддинович соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Муҳиддинов Умар Самардинович, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Муҳиддинов У.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай чорумин садамаи марговар аст, ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад. Ёдовар мешавем, дар ду садама дар канори шаҳри Исфара як мусофир ва як пиёдагард ба ҳалокат расида, як ронанда ҷароҳат бардошта шуд. Ҳамчунин шаби 18 январ, дар шоҳроҳи “Ваҳдат – Ёвон – А.Ҷомӣ”, дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи Ёвон бар асари ба бетони канори роҳ бархӯрдани мошини тамғаи “Опел-Вектра”, ронандаи он Раҷабов Исо Усмонович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расид

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button