ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МЕБЕЛСОЗИ ҚАЛБАКӢ ВА ДУ ДУЗД ДАР ИСТАРАВШАН ВА ҶАЙҲУН

Сокини 37-солаи ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 11 декабр, дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада, худро устои мебелсоз муаррифӣ намуда, барои сохтани ҷевон аз ӯ 57 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

ххххххххх

Сокини 25-солаи қаблан судшудаи Истаравшан  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 5 ба 6 январ аз хонаи сокини 51-солаи ин шаҳр ашёи рӯзгор ба маблағи 10 ҳазору 340 сомониро дуздидааст.

ххххххххх

Сокини 33-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки ҳамроҳ бо як сокини 35-солаи ноҳияи Дӯстӣ, шаби 19 ба 20 август аз оғили як зани 43-солаи сокини ҳамин ноҳия як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво 6600 сомонӣ зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 18 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

035

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 11-уми декабри соли 2021, дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини пойтахт даромада, худро ҳамчун устои мебелсоз муаррифӣ намуда, барои сохтани ҷевон аз ӯ 57 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Даст ба дуздӣ задани шахси пешсудшуда

021.jpg

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 5 ба 6-уми январи 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгор ва таҷҳизоти хонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри зикргардида, ки пеш бо моддаи 244 қисми 3 ва моддаи 365 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо марди 35-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, шаби 19 ба 20-уми августи соли 2021, аз дохили оғилхонаи манзили истиқоматии зани 43-солаи сокини ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button