ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ИСФАРА. ИН ДАФЪА ДАР РОҲИ ВОРУХ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 17 январ, тахминан соати 07:15, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Акрамов Суҳроб Шарифович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Ворух-Исфара» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард сокини Исфара Ҷӯраев Бурҳониддин Аюбович, соли таваллудаш 1989-ро пахш кардааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҷӯраев Б.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ҳодисаи зикргардида таҳқиқот идома дорад.

Ин алакай дуюмин садамаи марговар дар Исфара дар рӯзҳои охир аст.

ВКД қаблан хабар дод, ки шоми 15 январ, соати 19:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», Муъминов Муҳиб Юлдошевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар километри 8-уми роҳи “Исфара-Кӯчкак” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», ки таҳти идораи ронанда, Охунов Мирзосолиҳ Мирзодавлатович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштааст, бархӯрдаааст. Баъдан автомашинаи“Тойота”  бо қисмати қафояш ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар ин ҳолат ба автомашинаи тамғаи «Дулан», ки таҳти идораи ронанда Қаюмов Алишер Зафарҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Исфара, бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», Почоев Зафар Раҳматович, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” Муъминов М.Ю. бошад ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button