ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳҲодиса

11 ТАРМА РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНДРО БАСТ, 25 МОШИН ДАР БАНДИ ТАРМА МОНДААНД (ВИДЕО+6 AKC)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, шаби 3 январ хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 3 январ дар ин роҳ 11 тарма фаромадааст ва як тармаи бузург бо 15 метр баландӣ ва қариб 300 метр паҳноӣ, ки наздикиҳои соати 20 дар километри 65-уми роҳ  фаромад, боис шуд, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин шоҳроҳ  муваққатан, то бартараф шудани ин ва дигар тармаҳо боздошта шавад.

“Ҳоло роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкат дар маҳалли тармафароӣ қарор дошта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то 25 автомобил (панҷ боркаш ва 20 сабукрав), ки дар километрҳои 62 – 73 дар банди тарма мондаанд, ба ҷониби пойтахти кишвар гузаронанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи ширкат.

Барфрезии шадид аз 1 январ ҳаракати нақлиётро тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мушкил кардааст ва  ин роҳ алакай чанд дафъа боз баста ва кушода мешавад.

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то 5 январ дар водиҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва дар манотиқи кӯҳистон боридани барф дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ахиран аз ронандагон хост ба далели якбора сард шудани ҳаво ва боридани барфу борон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд. Бавижа бо роҳҳои кӯҳистон.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button