ВидеоҶомеа

СИПОС БА ҲАМА! ХОЛАИ ЛАТОФАТ БАЪДИ ҶАРРОҲӢ АЗ БЕМОРИСТОН ҶАВОБ ШУД (ВИДЕО)

Сарвиноз Сафарова дар гуруҳи фейсбукии “Баҳори Кудакон” хабар дод, ки Латофат Ҳаётоваро баъди ҷарроҳӣ аз бемористони “Истиқлол” ҷавоб доданд.

Дар як видео Латофат Ҳаётова ба ҳамаи он ҳамватанҳое, ки дасти ёрии худро аз ӯи бекас дареғ надоштанд, ва ҳамчунин ба табибони бемористони “Истиқлол”, бахусус ба табиби ҳозиқ Фирӯз Шамсиев изҳори сипос кард.

Ёдовар мешавем,Латофат Ҳаётова 60 сол дорад ва дар зиндагӣ ҳамагӣ як писар дошт, ки ӯ ҳам ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, дар онҷо зиндонӣ шуд.

Апаи Латофат, ки ҳоло дар Душанбе дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад ва ба иллати дарди пойҳояш роҳ гашта наметавонист, барои дубора ба по рост шудан ба ҷарроҳии пойҳояш эҳтиёҷ пайдо карда буд. Маблағи ҷарроҳии ӯро табибон 23 ҳазор сомонӣ ҳисоб карданд, ки ин зан чунин маблағро надошт ва ба ин далел аз аз ҳамватанони дастбахайр хоста буд, ки барояш дасти ёрии худро дароз кунанд.

Дили бузурги модарро бубинед, ки  ҳатто вақте аз мардум кумак мехост, мегуфт: “Агар писарам зиндонӣ намешуд, бачаи баномус буд, худаш маро ҷарроҳӣ мекард, вале бечора пушти панҷара афтодаасту ба кумаки ман расида наметавонад…”

Хушбахтона, тоҷикҳои дастбахайр ба ин зан дасти ёрӣ дароз карданд ва ӯ тавонист, ки худро ҷарроҳӣ кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button