ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ҚАСДАН СӮЗОНДААНД: ЗИЁНИ СӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ПАХТАИ МАСТЧОҲ 140 МЛН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

Бо гузашти як ҳафта аз сӯхтори шаби 25 ноябр дар анбори корхонаи коркарди пахтаи “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳ мақомот бар ин хулоса расидаанд, ки ин корхонаро барқасдона оташ задаанд. Ҳаҷми зарар аз ин сӯхтор, ки бар асари он ҳудуди 700 тонна нахи тайёри пахта ба коми оташ рафт, 140 миллион сомонӣ ё тақрибан 12,4 миллион доллар баровард шудааст. Аммо то кунун ягон гумонбар дар робита ба қасдан оташ задани бузургтарин корхонаи пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дастгир нашудааст.

 Манобеи наздик ба таҳқиқи ҳодиса ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” гуфтаанд, ки таҳқиқи сабаби сӯхтор ва хисороти расида аз он дар анбори нигоҳдории пахтаи ширкати “Музаффар компания” дар ноҳияи Мастчоҳро ба анҷом расондаанд.

Як манбаи муътамад аз Хадамоти сӯхторнишонии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар 70 дарсади хулосаи комиссияи тафтишотӣ сабаби ҳодисаи сӯхтор барқасдона арзёбӣ шудааст.

“Сӯхтор тахминан соатҳои 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр рух додааст. Фарзияҳои асосӣ: расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, оташи тамоку (сигарет) ва ҳатто оташбозии кӯдакон ҳам санҷида шудааст. Ин фарзияҳо ба воқеияти ҳодиса мувофиқат намекунанд. Хулоса шудааст, ки оташсӯзӣ қасдан сурат гирифтааст”, – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манобеъ аз ноҳияи Мастчоҳ, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна нахи пахтаи тайёр ба коми оташ рафтааст. Дар айни замон ба сӯхторнишонҳо муяссар шудааст, ки беш аз 400 тонна пахтаи дигарро аз оташ наҷод диҳанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳаҷми хисороти расида аз сӯхтор дар анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ кам ё беш аз 140 миллион сомонӣ ҳисоб мешавад.

Сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутаалиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад.

Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд.

Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд.

Дар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button