ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛА БА ИДОРАИ БУКМЕКЕРИИ “РАХШ” ДАР ХУҶАНД: БО ЭЛЕКТРОШОКЕР ВА … БОЗИЧА

Як ҷавони 20-сола аз шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 21 ноябр, тахминан соати 23:00, бо тапончаи кӯдакона ва электрошокер мусаллаҳ шуда, ба як шуъбаи идораи букмекерии «Рахш»  дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  ҳамла кардааст. ВКД гуфт, роҳзан бо зӯрӣ ва таҳдид аз тапончаю электрошокер ба хазиначии “Рахш”, сокини 19-солаи ноҳияи Зафаробод, аз хазинаи ин идора 6 ҳазору 60 сомонӣ ва як телефони тамғаи «Айфон-Х»-ро гирифта, сипас бо электрошокер хазиначиро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба  ӯ бо иттиҳоми роҳзанӣ бар асоси қисми якуми моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба ин ҷавон аз ноҳияи Балхӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 20-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 21-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 23:00, бо тапончаи кӯдакона ва 1-адад таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) истеҳсоли хориҷӣ мусаллаҳ гашта, ба идораи букмекерии «Рахш», воқеъ дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даромада, бо истифодаи зӯроварӣ хазиначии идораи мазкур, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Зафарободро бо олотҳои дар дасташ дошта ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардааст.
Сипас аз хазинаи идораи букмекерии мазкур 6 ҳазору 60 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-Х»-ро гирифта, бо таҷҳизоти барқӣ ба рӯи хазиначӣ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 560 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздӣ ба хотири хушгузаронӣ

Маблағи муфти ба дастомада аз ҳисоби кирдорҳои зишт нафарони ҷиноятпешаро назди ҷомеа сархаму беобрӯ менамояд.

Дар пайи аризаҳои соҳибкорони бозори ҶДММ «Фаровон-Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар, оид ба аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани молҳояшон ва зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар шаҳрванд Зиёвуддинов Кароматулло, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Вахш, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки Зиёвуддинов Кароматулло қаблан барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шуда бошад, ҳам аз хислати бадаш, яъне тасарруфи молу мулки ғайр даст накашидааст. Гумонбаршуда, аз фурсати ба худ муносиб аз набудани атрофиён истифода намуда, аз нуқтаҳои савдои соҳибкорон қопҳои салафанҳои полиэтилениро тасарруф намуда, аз ҷой ҳодиса ғайб мезанад.
Аз ҳама таассуфовараш ин аст, ки гумонбаршуда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро баҳри хушгузаронӣ дар тарабхонаву марказҳои дилхушӣ сарф намуда, дар 5 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар мебошад ва маблағи зарари ба шаҳрвандон расонидааш зиёда аз 10 000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар нисбати Зиёвуддинов Кароматулло парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Қодириён Офоқ, подполковники милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button