ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ДАР ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ҷумъаев Фахриддин Бозорҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди хиёбони И.Сомонии шаҳри мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Носиров Ҳусейн Азимович, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамин шаҳрро, ки дар ҳолати мастӣ дар роҳи мошингард хоб буд, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Носиров Ҳ.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 787 садама рӯй дода, дар ин ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.  Дар айни давраи соли гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон дар 789 садама 281 нафар ба ҳалокат расида ва 909 нафар маъюб шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button