ВидеоМуҳоҷиронФарҳангЧеҳраҳо

МУАЛЛИФИ “НАЗИРАҶОНУМ” ИҚРОР КАРД, КИ ЯК ВАҚТ МУЪТОДУ БАНГУ ШАРОБ ШУДА БУД (ВИДЕО)

Овозхони дар гузашта машҳури эстрадаи тоҷик, муаллифи таронаи дар вақташ хеле машҳури “Назираҷонум” Меҳрубони Равшан, ки чанд соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунад, дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и журналист ва ровии шинохта Орзуи Исо эътироф кард, ки вақте ки як муддат зери бори гарони қарзи бонк монд ва хонаашро ҳам аз даст дод, рӯ ба бангу май овард ва муътоди шароб ва маводи мухаддир шуд.

“Вале ҳоло, шукри Худо, ҳама мушкилот пушти сар шуд ва бангу май ҳам дар гузашта монд. Ҳоло дигар бангу майро ба саҷдаву ибодат иваз кардам”, гуфт Меҳрубони Равшан, ки моҳи сентябр ба хотири тӯйи арӯсии духтараш аз Русия ба Ватан баргаштааст.

Меҳрубони Равшан гуфт, барои раҳоияш аз қарзи бонк муҳоҷирони тоҷик дар Русия кумакаш кардаанд.Ӯ гуфт, дар Русия шуғлаш асосан ҳунарнамоӣ дар тӯю сӯри ҳамватанон аст.

Меҳрубони Равшан дар барномаи Орзуи Исо ҳамчунин гуфт, он давраи мушкили зиндагиашро дар клипи таронаи “Дӯст” тасвир кардааст. “Ин клип дар бораи ҳаёти худи ман аст”, гуфт овозхон, ки дар аввали солҳои 2000 дар баробари Садриддин ва Баҳроми Ғафурӣ аз ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик шумурда мешуд, вале ҳоло маъруфияти қаблиашро аз даст додааст.

Меҳрубони Равшан моҳи майи соли 2020 дар як муроҷиатномаи видеоӣ бо садои гиряолуд аз мухлисонаш даъват карда буд, ки ба ӯ дасти кумак дароз кунанд.

Меҳрубони Равшан хабар дод, ки дар вақтҳои охир мушкилот аз паси мушкилот домангираш шудааст. Ӯ гуфт, дар ин рӯзҳои карантин дар Русия дармондааст ва он ҳам дар ҳоле, ки моҳе пеш дар як садамаи нақлиётӣ дасташ шикаст. Ба болои ин, як рафиқаш овозхонро ба маблағи 60 ҳазор доллар фиреб додааст ва акнун банк мехоҳад дар Тоҷикистон барои 3 ҳазор доллар қарз хонаашро бигирад.

Меҳрубони Равшан хитоб ба он “рафиқ”-е, ки фиребаш дод, гуфт, “ман шикаста бошам ҳам, ҳанӯз нарехтаам. Боварӣ дорам, ки бо кумаки мухлисонам аз ин вазъият мебароям ва ба пеши ту, ки имрӯз ҳатто телефони маро намебардорӣ, меравам. Боз бо ду дасти пур меравам! Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд, вале одамгариву ноодамгарӣ боқӣ мемонанд…”

Меҳрубони Равшан, бародарзодаи овозхони маъруф Ҳотами Равшан буда, дар миёнаи даҳаи аввали солҳои 2000-ум ба саҳнаи эстрада омад ва бо таронаҳое, чун “Таманно” ва “Назираҷонум” дар як муддати кӯтоҳ дар радифи маъруфтарин овозхонҳои эстрадаи тоҷик қарор гирифт. Таронаи дигари “Аз манӣ”, ки Меҳрубони Равшан ҳамроҳ бо Садриддини Наҷмиддин ва Баҳроми Ғафурӣ иҷро кард, соли 2009 беҳтарин таронаи соли Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аммо соли 2011, баъди сафари Ҳаҷ, Меҳрубони Равшан якбора тарки саҳна кард. Қабл аз вай амакаш Ҳотами Равшан низ тарки овозхонӣ карда буд ва фақат дар ҳалқаи ёру дӯстон асосан таронаҳои орифона, аз ҷумла наъту ғазал мехонд.

Соли 2019 Меҳрубони Равшан кӯшиш кард, ки ба саҳна баргардад ва ҳатто як консерт  бо номи “Бозгашт” ҳам баргузор кард, вале маъруфияти қаблиашро баргардонда натавонист.

Таронаи “Назираҷонум” то кунун яке аз беҳтарин таронаҳои эстрадии тоҷикии даҳаи аввали солҳои 2000-ум дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button