ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ ДАРАХТИ СЕКВОЙЯ ШИНОНД (25 АКС)

Рӯзи 14 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо  раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе устами Эмомалӣ, сарвазир  Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.

Хадамоти матбуоти президент зикр кардааст, ки аввалин дарахтони секвояи калифорниягиро Эмомалӣ Раҳмон шахсан 20 сол қабл аз хориҷ оварда, дар боғи Қасри миллат  шинонда буд.

Дарахти секвойяи калифорниягӣ то 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.

Хадамоти матбуот ҳамчунин зикр кардааст, ки то имрӯз бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғ дар майдони “Истиқлол” аз хориҷ дарахтони зиёди ороишӣ ворид кардаанд. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдони “Истиқлол” 5510 адад дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст.

Баъди шинонидани дарахт 4 раҳбари аввали кишвар бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд. Ин майдон, ки соли 2022 бояд ба истифода дода шавад, бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” бояд минбаъд ба майдони асосию марказии пойтахт  табдил биёбад.  Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.

Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ  14.11.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button