ВидеоИқтисодКоррупсия

ИМСОЛ БА БУҶАИ ДАВЛАТ КАМАШ 447 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАР РАСОНДААНД

Рӯзи 12 ноябр дар Маҷлиси намояндагон пиромуни  иҷрои буҷаи давлатӣ дар 9 моҳи сол 2021 муҳокимаи парлумонӣ доир шудааст. Бино ба иттилои “Садои мардум”, нашрияи расмии маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, намояндагони Палатаи ҳисоб ва Агентии мубориза бо коррупсия ба вакилони парлумон гуфтаанд, ки кормандони ин ду ниҳоди назоратӣ имсол дар маҷмӯъ ба маблағи 447 миллион сомонӣ зарари расондашуда ба давлатро ошкор кардаанд.

Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода гуфт, кормандонаш дар 9 моҳи соли ҷорӣ 236 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 148 млн. сомонӣ муайян намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 137,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 69,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 40,4 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 27,6 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, — гуфт Қарахон Чиллазода.

Муовини раиси Агентии мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода гуфт,  имсол кормандони ин агентӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронида, ба маблағи 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз маблағҳои ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 миллион ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

– Тавассути чораҳои андешида­шуда 78,1 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағҳои ошкоршудаи зарар барқарор гардида, ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои боқимонда — 86,1 миллион сомонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида истодаем, — гуфтааст Сулаймон Талбакзода.

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Файзулло Машраб Қурбоналӣ зикр кард, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 20,7 миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст. Ӯ, инчунин, зикр кард, ки воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 950,8 миллион сомонӣ зиёд буда, аз он 552,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозию гумрукӣ, 120,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳои судӣ, зарари молиявии барқароршуда ва дигар маблағҳо, 277,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ таъмин гардидааст.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки тайи 9 моҳи соли 2021 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ 4 миллиарду 413,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале онҳо тавонистанд ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 900,7 миллион сомонӣ ворид кунанд.

– Новобаста ба идома ёфтани буҳрони молиявӣ — иқтисодӣ, ки аз паҳншавии бемории коронавирус ва вазъи ногувори сиёсӣ дар минтақаву ҷаҳон маншаъ гирифтааст, инчунин, афзоиши пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар 9 моҳи сипаришуда барзиёд таъмин намояд, — гуфт Хуршед Каримзода.

Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода  зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 млрд. 990,7 млн. сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 10 млрд. 55,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Вале нақшаи Раёсати андози андоз­супорандагони калон асосан аз ҳисоби ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои мобилӣ таъмин нагардид.

– Таъмин нашудани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба нокифоя будани манбаъҳои андозбандӣ дар ширкатҳои мобилӣ вобаста ба сол аз сол коҳиш ёфтани ҳаҷми хизмат­расониҳои трафики овозии байналмилалӣ ва баъзе аз корхонаҳои калони саноатӣ, ки боиси кам ва ё афзоиш наёфтани маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андозҳо гардида истодааст, вобаста мебошад, — гуфт муовини раиси Кумитаи андоз.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button