ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ МУҲАММАД ЭГАМОВ ДАР МАСКАВ: ШИКОРИ ОДАМОНИ ИЗЗАТ АМОН САР ШУД?

Се манбаи мухталифи наздик ба Маркази тоҷикони шаҳри Маскав, созмоне, ки ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон то истирдодаш ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Муҳаммад Эгамов, яке аз нафарони наздик ба Иззат Амон ва аз кормандони фаъоли Маркази тоҷикони Маскав боздошт шудааст ва дар СИЗО №4 “Медведь”, дар минтақаи Медведковои пойтахти Русия нигоҳ дошта мешавад.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, Муҳаммад Эгамовро низ ба мисли Иззат Амон аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда, сипас ба Тоҷикистон мефиристанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки баъди истирдоди Иззат Амон мақомот дар Тоҷикистон ба хешовандони Эгамов, ки дар Маскав тиҷорати муваффақи хонафурӯшӣ дошт, фишор оварда истодаанд ва талаб доранд, ки ӯ бо ихтиёри худаш ба Душанбе биояд ва ба суолҳои мақомот ҷавоб диҳад.

Рӯзи 14 ноябр адвокати шинохта Шуҳрат Қудратов ва Суҳроби Ҷаҳон, ду корманди дигари Маркази тоҷикон низ тасдиқ карданд, ки дар бораи эҳтимоли ба Тоҷикистон бурдани онҳо ва дигар афроде, ки дар Маскав бо Иззат Амон ҳамкорӣ доштанд, аз манбаъҳои мувассақ хабарҳое ба дасташон расидааст. Шуҳрат Қудратов гуфт, дар мавриди ӯ ҳатто эҳтимол задаанд, ки ба Тоҷикистон бурданаш шояд дар ягон 10 рӯзи оянда сурат бигирад.

Бахтовар Ҷумъаев, як ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, ки низ қаблан бо Маркази тоҷикони Иззат Амон ҳамкорӣ мекард, аз суҳбат дар ин бора худдорӣ кард, вале иқрор кард, ки телефонҳояшро гӯш мекунанд.

Чанд нафари дигар аз онҳое, ки бо Иззат Амон дар гузашта ҳамкорӣ доштаанд, низ дар суҳбат  бо “Бомдод” аз дурнамои тираи сарнавишти худ шиква карданд ва гуфтанд, ки ба мулоҳизаҳои бехатарӣ ҳоло худро пинҳон кардаанд ва роҳҳои аз Русия баромадан ва паноҳ бурдан ба кишварҳои амнтарро меҷӯянд.

Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, моҳи март аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад.

Моҳи октябр, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд, пардохт нашудани 312 сомонӣ пули даъвои касеро баҳона карда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button