ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА, ДУЗДИИ АСПУ ТОЙЧА ДАР ЧОРДАРА ВА ҚАЛЛОБИИ ЯК ЗАН БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 600 000 СОМОНӢ

Шаби 10 октябр, соати 20, бара сари чаппа шудани мошини “Тойота-Камри” дар ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғара ронандаи мошин ҷон дода, ду мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххх

Сокини 36-солаи  ноҳияи Ш.Шоҳин ба он айбдор мешавад, ки соати дувоздаҳи шаби 13 ба 14 сентябр аз чарогоҳи деҳаи Чордараи ҷамоати Доғистон як аспро бо тойчааш дуздидааст.

ххххххххххххх

Як зани 43-солаи қаблан судшудаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки аз як сокини ин ноҳия барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани дорухонаи навбунёдаш 470 ҳазор сомонӣ ва аз як сокини Исфисор мошинашро гирифта, то ҳол пулашонро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ронанда ҳангоми чаппа шудани автомашина ба ҳалокат расид

021

10-уми октябри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Маҳмадализода Қаҳрамон, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Маҳмадализода Қ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирон: Маҳмадшозода Искандар Маҳмадшо ва Исматов Мақсудҷон Ҳасанович, соли таваллудашон 1987, сокинони ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии аспҳо ва тойчаҳо

loshad-63

Ба ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин бо ариза марди 50-солаи сокини деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 24:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи заминҳои деҳаи мазкур 1-сар асп ва тойчаашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи зикргардида, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо ҳамин роҳ шаби 6 ба 7–уми сентябри соли 2021, тахминан соати 24:00, аз чарогоҳи заминҳои ҷамоати деҳоти Доғистон, 1-сар асп ва тойчаи марди 58-солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 16-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошти зани қаблан судшуда бо ҷурми қаллобӣ

009

11-уми октябри соли 2021, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаҳои 237 қисми 2, 168 ва 164 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд.
Номбурда, аз соли 2010 то моҳи майи соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи дар оянда ҳуҷҷатгузорӣ карда додани дорухонаи навсохташуда, воқеъ дар даромадгоҳи марказии саломатии ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯ 470-ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хонда-СRV», ки арзишаш 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button