ВидеоКоррупсия

САФОРАТИ РУСИЯ: АШРАФ ҒАНӢ БО 4 МОШИН ПУЛ ГУРЕХТ, ҲАМАИ ПУЛҲОЯШ ДАР ҲАВОПАЙМО НАГУНҶИД

Дар сафорати Русия дар Кобул ба хабаргузории РИА Новости гуфтанд, ки президенти ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 август бо мошинҳои пур аз пул тарки кишвар кард. Ӯ он қадар бо худ пули зиёд гирифта буд, ки ҳамааш дар ҳавопаймо нагунҷид.

“Чӣ гуна суқут кардани режимро бо ҳама рангаш бештар аз ҳар чизи дигар ин ҳодиса хуб тасвир мекунад: 4 мошин пур аз пул буд. Як қисми дигари пулҳоро ба чархбол бор карданӣ шуданд, вале ҳамааш нагунҷид. Як қисми пулҳо дар майдони ҳавоӣ монд “, – нақл кардааст сухангӯи сафорати Русия дар Кобул Никита Ишенко.

Ёдовар мешавем, Ашраф Ғании 72-сола, ки аз соли 2014 раҳбарии Афғонистонро дар даст дошт, рӯзи 15 август, баъди онки ҷангиёни Толибон дар байни ҳамагӣ 10 рӯз ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвар ва марказҳои маъмурии 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистонро ишғол карданд,  бошитоб тарки Кобул кард.

Баъди фирораш аз кишвар Ғанӣ гуфт, ки гӯё на аз тарс, балки барои пешгирӣ аз хунрезии бештар тарки Афғонистон кардааст.

Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон, яке аз кишварҳои арабии халиҷи Форс қарор дорад.

Қаблан гуфта мешуд, ки Ашраф Ғанӣ аз тариқи Тоҷикистон ё Ӯзбекистон фирор кардааст, вале ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд инро рад карданд.

Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” ахиран бо нашри як акс хабар дод, ки рӯзи 15 август, баъди фирораш аз Афғонистон, ҳавопаймои президенти собиқи он кишвар Ашраф Ғанӣ чанд соат саргардон шудааст. Дар акс дида мешавад, ки ҳавопаймо чанд соат дар атрофи фурудгоҳи шаҳри Бохтар чарх зада, миқёси саргардониҳояш фарози минтақаҳое, чун Қизилқалъа, Заргар, Вахшстрой ва ҳатто Янгиободу Сарбандро фаро мегирад.

“Тулӯъ” гуфт, ҳавопаймои Ғанӣ ба сабаби пайдо накардани иҷозати нишастан дар фурудгоҳи Тоҷикистон чунин саргардон шудааст.

Сокинони маҳалҳои атрофи фурудгоҳ Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) қаблан хабар доданд, ки 15 август аз бегоҳ то шаб чанд тайёра бошанд. Вале Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи Бохтар дар суҳбат бо “Asia-Plus” ин хабарҳо рад карда, гуфт, “овозаҳое, ки гӯё мо чанд тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ аст”.

Аммо маълум шуд, ки дар асл шаби 15 август 143 низомӣ аз Афғонистон тавассути 3 ҳавопаймо ва 2 чархбол ба Тоҷикистон фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар фуруд омадаанд. Онҳоро муваққатан дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар ҷой кардаанд. Аз низомиҳои афғон 55 мил аслиҳа мусодира шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button