ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

4 ВИДЕОИ ПУРДАҲШАТ АЗ ФУРУДГОҲИ КОБУЛ: 7 НАФАР ДАР БЕНАЗМӢ ҲАЛОК ШУДАНД

Мақомҳои баландпояи низомии Амрико ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтаанд, ки субҳи 16 август дар натиҷаи беназмӣ дар фурудгоҳи Кобул, пойтахти Афғонистон 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Низомиҳои амрикоӣ, ки бидуни бурдани ном суҳбат кардаанд, эътироф карданд, ки чанд нафар аз ҳавопаймоҳои ҳарбии дар ҳоли парвози Амрико  афтида, ҷон бохтаанд.

Дар пайи аз Афғонистон фирор кардани раҳбарони аввали ин кишвар ва ба дасти Толибон гузаштани шаҳри Кобул садҳо нафар худро ба фурудгоҳ заданд, то тарки кишвар кунанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, бисёриҳо омода буданд, ки аз аввал то охири парвоз ҳатто рост биистанд, вале ба ҳавопаймо роҳ биёбанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки бархеи онҳое, ки дар дохили ҳавопаймоҳо ҷо наёфтанд, аз ночорӣ ба чархҳову шассии ҳавопаймо мечаспанд. Дар як видео дида мешавад, ки чӣ гуна баъди бар фазои Кобул баланд шудани ҳавопаймо аз рӯи чархҳову шассии он одамон ба замин меафтанд. Расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки ҷасадҳои дастикам 4 нафар аз осмон ба болои хонаҳои истиқоматӣ афтодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button