ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ РУСИЯ, ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 10 август дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар ҷануби Тоҷикистон, 20 километр дуртар аз марзи ин кишвар бо Афғонистон машқҳои муштараки Русияву Ӯзбекистон ва Тоҷикистон анҷом  ёфт. Дар ин машқҳои панҷрӯза , ки дар пасманзари бад шудани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар Афғонистон доир шуданд, ҳудуди 500 воҳиди техникаву таслиҳоти ҳарбӣ, аз ҷумла 25 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ ва наздики 2500 афсару аскар, аз ҷумла 1800 нафар аз артиши Русия, 200 нафар аз Ӯзбекистон ва ҳудуди 500 нафар аз Тоҷикистон иштирок карданд.

Русия барои иштирок дар машқҳои муштарака дар Ҳарб Майдон, ки нахустин машқи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия ба шумор меравад, ахиран ҳавопаймоҳои ҷангиашро аз пойгоҳи ҳавоияш дар Канти Қирғизистон ба ҷануби Тоҷикистон интиқол дода, пойгоҳи 201-умаш дар Тоҷикистонро бо мошинҳои зиреҳпӯши навтарин мусаллаҳ гардонд.

 Фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбаии марказии артиши Русия генерал-полковник Александр Лапин  рӯзи 10 август зимни натиҷагирӣ аз машқҳо дар Ҳарб-Майдон гуфт, дар инҷо “бори аввал тарзи истифодаи чанд навъи нирӯҳои мусаллаҳ ҳамроҳ бо истифодаи фаровон аз авиатсия, маҷтамаъҳои иктишофию тирандозӣ ва нирӯҳои десантӣ бар асоси таҷрибаи дар Сурия андӯхташуда намоиш дода шуд.” (ҳама иқтибосҳо аз  РИА Новости мебошанд)

Лапин ҳамчунин таъкид кард, ки ин машқҳо дар пасманзари бад шудани вазъ дар Афғонистон ва афзоиши таҳдиди ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳ ёфтани гуруҳҳои тундраву террористӣ сурат гирифтанд. “Мутмаинам, ки амалҳои муштараки мо дар оянда имкон медиҳанд, кишварҳоямонро аз ҳамлаи ҳарбӣ эмин нигоҳ дорем “, – афзуд генерали рус.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо гуфт, ин нахустин машқи муштараки зиддитеррористии сеҷонибаи Русияву Тоҷикистону Ӯзбекистон буд.

Дар солҳои охир интиқоли ноамнӣ аз Ховари Миёна ба Афғонистон мушоҳида мешавад. Таҳлили таҳаввулоте, ки дар солҳои охир мегузаранд, нишон медиҳад, ки вазъи минтақаи мо аз таҳаввули ҳодисот дар арсаи сиёсии Афғонистон вобастагӣ дорад “, – гуфт вазири тоҷик.

Сардори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал-майор Шуҳрат Холмуҳаммадов  низ аз талотуми ҳодисот дар Афғонистони ҳамсоя изҳори ташвиш кард. “Авзоъ аз ҳамаи мо ҳушёрӣ ва омодабоши доимиро талаб мекунад “, – гуфт ӯ.

Машқҳои муштараки Русияву Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар  наздикии марз бо Афғонистон дар ҳоле доир шуданд, ки ҷангиёни ҳаракати Толибон дар чанд ҳафтаи охир қаламравҳои бузургеро дар Афғонистон тасарруф карда, танҳо дар чанд рӯзи охир марказҳои маъмурии 6 вилоят дар шимоли он кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Кундузу Толиқон, марказҳои ду вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз ва Тахорро ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, беш аз 900 км аз 1370 км марзи Тоҷикистону Афғонистон, бо шумули қариб ҳамаи гузаргоҳҳову пулҳои асосӣ дар ин марз,  беш аз як моҳ боз ба дасти Толибон афтодааст.

Дар пайи бад шудани вазъи Афғонистон мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22 июл як санҷиши саросарии  сафарбарии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишварро баргузор карда, аз созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) барои тақвияти ҳифзи марз бо Афғонистон кумаки низомӣ хостанд.

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ахиран дар ҳошияи нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе гуфт, Русия омода аст, ба Тоҷикистон ба таври ройгон техникаву таслиҳоти ҳарбӣ бидиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button