ВидеоМуҳоҷирон

12 МУҲОҶИРРО БАРОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР МИТИШИ АЗ РУСИЯ ИХРОҶ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав рӯзи 10 август қарори ихоҷи 12 нафар аз иштирокчиёни занозании гуруҳии рӯзи 5 август дар кӯчаи Пограничнаяро баровард.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории ТАСС   гуфт: “Бо қарори додгоҳи Митиши Каримов Х., Дундиев Д., Кранов Э., Дундиев М., Юсупов Д., Самандари М., Ҳоҷимуродов Я., Ёдгоров С., Раҳмонов А., Қурбонов М., Ятимов Ш. ва Қурбонов К.  бар асоси моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани тартиби будубош дар Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ гунаҳкор дониста шуданд. Ҳар кадоми онҳо 6 ҳазор рубл ҷарима бо ихроҷи маъмурӣ (выдворение) аз қаламрави Русия маҳкум шуданд. Ҳамаи ин 12 нафар дар пайи занозании 5 август дар кӯчаи Пограничная дастгир шуда буданд.”

Дар додгоҳи Митиши ба ТАСС тасдиқ кардаанд, ки додгоҳ 12 протоколи маъмурӣ нисбат ба иштирокчиёни занозании гуруҳиро муҳокима кардааст.

Қаблан “Бомдод” хабар дода буд, ки дар Митиши зодагони Тоҷикистону Чеченистон занозанӣ кардаанд.  Аз маҳалли занозанӣ, тавре дар видео дида мешавад, садои тирпарронӣ ҳам меомад.

ФАН (Федеральное агентство новостей) аз қавли як манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки муноқиша дар Митиши ба сабаби онки зодагони Тоҷикистону Чеченистон кадом тиҷоратро тақсим карда натвонистаанд рух додааст.

Вале  шоҳидони ҳодиса ба “Бомдод” фарзияи комилан дигарро нақл карданд. Ба гуфтаи  онҳо, вақтҳои охир зодагони Чеченистон ва дигар ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ талош доранд, то муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро “доля” банданд, вале онҳо розӣ нестанд ва муқовимат нишон дода истодаанд.

«Ҳамон рӯзи 5 август зодагони Чеченистон ба муҳоҷирони ӯзбек дар Одинтсово низ ҳамла карданд. Чанд рӯз пештар дар Петербург ба сари муҳоҷирони зодаи Бадахшон омада буданд. Дар Митиши муҳоҷирони тоҷик дар хонаи худ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва маҷбур буданд, ки аз худ дифоъ кунанд. Вале ҳоло ҳама гуноҳро ба гардани онҳо бор карда истодаанд”, – нақл карданд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

ФАН хабар дод, ки дар пайи занозанӣ се зодаи Чеченистонро дар бемористон бистарӣ кардаанд: ду нафарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва як сокини 49-солаи ноҳияи Шалии Чеченистонро –  бо захмҳои корд дар ноҳияи шикамаш.

Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ, кормандони пулис тавассути видеокамераҳои назоратӣ шахсияти нафареро, ки зодаи Чеченистонро корд зада буд, муайян карданд ва бо ин иттиҳом як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. ФАН гуфт, ки ӯ гуноҳашро фақат қисман эътироф кардааст.

Дар вақтҳои охир ин бори аввал нест, ки байни муҳоҷирон аз Шӯравии собиқ ва зодагони минтақаи Қафқози шимолии Русия занозаниҳо рӯй медиҳанд.

Аз ҷумла шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” ҳудуди 200 муҳоҷир, асосан зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозанӣ карданд. Пулис 103 нафари онҳоро дастгир кард.

Рӯзи 18 июл занозанӣ бо иштироки ҳудуди 20 нафар дар шаҳраки Апрелёвка дар вилояти Маскав рӯй дода, шоми 28 июл дар шаҳри Санкт Петербург зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифтанд. Пулиси Петербург 166 нафарро дастгир карда, 33 нафарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт ва ба зидди ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушод. Ҳамчунин шоми 30 июл дар  пайи занозании гуруҳӣ дар дохили мағозаи “Ашан” дар фурӯшгоҳи “Тройка”  дар кӯчаи Верхняя Красноселская дар маркази Маскав пулис ҳудуди 50 муҳоҷирро дастгир кард.

ВКД Русия гуфт, чунин занозаниҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург рӯй доданд.

Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Рӯзи 5 август муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар мулоқот  бо сафирони кишварҳои СНГ гуфт, ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имсол 5% афзудааст. Горовой гуфт, бахусус аъмоли ғайриқонуние, чун занозаниҳои гуруҳӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи зӯрӣ ба зидди мақомот ва мамониат ба фаъолияти нақлиёт ва иншооти иҷтимоӣ дар байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад.

 «Дар робита ба ин ҳодисаҳо ВКД вокуниши қатъӣ нишон дода, ҳамаи ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бетартибиҳои оммавиро боздошт карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашонд. Муҳлати будубоши онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо иштирок доштанд, кӯтоҳ карда шуда, марзи Русия ба рӯи онҳо баста шуд», –гуфт Горовой.

Бино ба иттилои ВКД Русия, феълан дар ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Александр Горовой моҳи апрели соли ҷорӣ аз кишварҳои СНГ хоста буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button