ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ПОДПОЛКОВНИК АНИС УСМОНЗОДА ҚУРБОНИ КОРОНАВИРУС ШУД. Ӯ ҲАМАГӢ 45 СОЛ ДОШТ…

Подполковник Анис Усмонзода, сардори ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамин чанд лаҳза пеш дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд аз коронавирус вафот кард.  Дар ин бораи як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хуҷанд хабар дод. Манбаи “Бомдод” гуфт, ки подполковник Усмонзода чанд вақти охир бо коронавирус мубориза мебурд ва дар ҳолати вазнин қарор дошт, вале духтурон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Хабари марги Анис Усмонзодаро дар Фейсбук дӯстонаш низ тасдиқ кардаанд.  Парвиз Чабборзода аз ҷумла навишт: “Акои Анис! Худованд чоятонро чаннатулфирдавс гардонад, нури Шумо, чехраи гарми Шумо, он хоксориву накӯкории Шумо, мардии Шумо дар калби мо дӯстон хамеша бокӣхохад монд. Алвидоъ, алвидоъ, алвидоъ, дӯсти азизам.”

Анис Усмонзода 15 августи соли 1975 ба дунё омада, агар умр вафояш мекард, баъди 11 рӯз синни 46-ро пур мекард. Анис Усмонзода зодаи Хуҷанд буда, соли 1992 мактаби №13-ро дар зодгоҳаш хатм кардааст.

Анис Усмонзода 30 октябри соли 2019 ба мақоми сардори ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, дар марз бо Афғонистон таъйин шуда буд. Аз он пеш ӯ раҳбарии шуъбаи милитсияи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) бар уҳда дошта, қаблан  сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (РОБОП) дар раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд буд.

Исми Анис Усмонзода моҳи апрели соли 2020, дар рӯзҳои аввали мавҷи якуми пандемия дар пайи як амалиёти вижа дар марз бо  Афғонистон дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Шаби 9 ба 10 апрел дар як амалиёти вижа дар деҳаи Ғараби ноҳияи Ҳамадонӣ Мустафо валади Абдулкарим ном сокини вилояти Ғазнии Афғонистон кушта ва аз ҷои ҳодиса 16 кило маводи мухаддир пайдо карда шуд. Рӯзе баъд ҳамаи иштирокчиёни амалиёт: сардори ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ подполковник Усмонзода, як муовин ва ду корманди дигари ӯ, ҳамчунин 4 табибе, ки барои ташхиси ҷасад омада буданд, барои эҳтиёт ба муддати 21 рӯз дар бемористони №1 ҷамоати Турдиев ба карантин фаро гирифтанд. Ҷасади шаҳрванди кушташудаи Афғонистонро дар як қуттии махсус ба мақомоти он кишвар супурданд.

Хабари даргузашти подполковник Анис Усмонзода аз коронавирус дар ҳоле расид, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 30 июл ба ин тараф  ҳисоб медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави марги шаҳрвандон аз ин беморӣ сабт нашудааст. Мунтақидон мегӯянд, мутаассифона, вазорати тандурустӣ дигарбора ҳамон сиёсати хатои пӯшондани воқеиятҳоро пеш гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button