ВидеоМуҳоҷирон

ҲАЛОКАТИ ҶАВОНИ ТОҶИК ИБРОҲИМ АЗИЗОВ ДАР НЮ-ЙОРК: 5 ЗАБОН МЕДОНИСТ… (ВИДЕО)

Иброҳим Азизов, як ҷавони 24-солаи тоҷик субҳи 31 август дар шаҳри Ню-Йорки Амрико аз олам чашм пӯшид. Иброҳим, ки донишҷӯ буд ва баъд аз дарс барои таъмини рӯзгораш рикша (сечархаи мусофирбар) меронд, шаби 30 июл бар асари бархӯрди рикшааш ба як мошини “Toyota Tacoma” дар буриши кӯчаи 42-м бо ҷодаи 5-ум (42 street, 5avenue) дар минтақаи Манҳеттен ҷароҳатҳои сангин бардошт, ки боиси марги ӯ шуд.

Дар бораи марги ин донишҷӯи тоҷик дар Инстаграм журналисти тоҷики муқими Ню-Йорк Талабшоҳи Муқим, ки дар Амрико низ бо рикшаронӣ рӯз мебарад, хабар дод.

Талабшоҳи Муқим бо барчидани аксҳои Иброҳим Азизов дар зери як навои ғамангез навишт, “Иброҳим – ҷавони ботарбияву босавод (донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ ва туркӣ), варзишгар, дорои хислатҳои неки инсонӣ, ҷавони бо нангу номус ва Ватандӯст буд. Дар вақтҳои фориғ аз дарс дар сечархаи мусофирбарӣ (рикша) кор мекард. Ҳама ронандагони ин ҷода, ки аз кишварҳои гуногунанд, барои ӯ имрӯз бо чашми гирён ёди нек доранд…Иброҳими ҷавонмарг акнун нақшаҳои худро нотамом гузошту орзуҳои Падару Модарашро бо худ бурд.”

Бино ба гузориши пулис, садама шаби ҷумъа, 30 июл, соати 23:15 рух дода, рикшаи Иброҳим Азизов бо се мусофир: як зани 46-сола ва ду духтари 14-сола ба қафои  ҷипи “Toyota Tacoma”, таҳти идораи Марио Сагастуме Гонсалес аз Стемфорд, аёлати Коннектикут бархӯрдааст.  Ронандаи ҷип ба ҳаракаташ идома додааст ва пулис баъдан мошини ӯро дар назди як бино дар кӯчаи 32 дар маҳаллаи Кипс-Бэй пайдо кардааст.

Дар натиҷаи садама, ронанда ва ҳарсе мусофири рикшаро бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони Беллевю бурдаанд, вале табибон Иброҳим Азизовро, ки дар маҳаллаи Брайтон Бич дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк зиндагӣ мекард, наҷот дода натавонистаанд.

Иброҳим Азизов, тавре аз саҳифааш дар Инстаграм бармеояд, аввал Донишгоҳи Гуанчжоуро дар Хитой хатм карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Амрико омадааст. Ӯ дар саҳифааш дар Инстаграм ин шиорро сармашқи кор дар зиндагии худ интихоб кардааст: “Everything always ends well. If not – it’s probably not the End” (“Ҳама чиз ҳамеша хуб поён меёбад. Агар на, пас шояд ин ҳанӯз поён нест.”)

Вале марги фоҷиавии ин ҷавони тоҷик нишон дод, ки мутаассифона на ҳама чиз ҳамеша хуб поён меёбад. Ёдаш гиромӣ бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button