ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БА ЗИДДИ ДУ ЗОДАИ БАДАХШОН БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО ЧЕЧЕНҲО ДАР ПЕТЕРБУРГ ПАРВАНДА КУШОДААНД (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар дод, ки дар пайи занозании шаби 28 июли байни зодагони Тоҷикистону Чеченистон дар назди меҳмонхонаи “Белые ночи” дар хиёбони Болшевикҳо 166 муштарии ин меҳмонхонаро барои қонуншиканиҳои мухталиф ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Аз ҷумла 33 нафар барои иштирок дар он занозанӣ ба муҳлати то ду ҳафта ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар занозанӣ ҳамагӣ 10 нафар – 6 чечен ва 4 тоҷик иштирок доштанд.

Бар илова, Телеграм-канали хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Санкт-Петербург хабар дод, ки нисбат ба ду зодаи Тоҷикистон Амир Азизмамадов ва Гуласар Азимшоев бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, онҳоро ба муҳлати ду моҳ – то 27 сентябр ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург дар шарҳи ин парванда гуфт, «Азизмамадов рӯзи 28.07.2021 ҳамроҳи  Азимшоев, тахминан соати 20:30  ҳангоми дар назди бинои №54 дар хиёбони Болшевикҳо  қарор доштанашон тартиботи ҷамъиятиро ба таври дағалона ва ғайриқонунӣ вайрон карда, бо истифода аз зӯроварӣ даст ба авбошӣ заданд.”

Акнун ба онҳо ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё ҳукми зиндон ба муҳлати то 7 сол таҳдид мекунад.

То кунун исми 8 нафари ҷазогирифта барои занозании байни тоҷикҳову чеченҳо дар Петербург эълон шудааст. Ҳамаи онҳо зодагони Тоҷикистонанд. Дар бораи инки оё аз ҷониби дигари муноқиша, яъне чеченҳо, касеро ҷазо доданд ё на?, ягон хабар ба даст нарасидааст.

“Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки додгоҳи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 30 июл 6 зодаи Тоҷикистонро, ки дар пайи занозании шаби 28 июли байни зодагони Тоҷикистону Чеченистон дар назди меҳмонхонаи “Белые ночи” дар хиёбони Болшевикҳо дастгир шуданд, бар асоси қисми якуми моддаи 19.3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия дар саркашӣ аз иҷрои амри кормандони пулис гунаҳкор шинохта, онҳоро ба муҳлати аз 10 то 13 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Телеграм-канали хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Санкт-Петербург гуфт, Хушқадам Алимшоев, ки аз ҳама бештар саркашӣ нишон додааст, ба 13 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум гардида, 5 нафари боқимонда: Окимшо Азизбеков, Баҳром Бахтиев, Шамс Оқилов, Назаралӣ Аюбов ва Зайниддин Воҳидов ҳар кадом ба 10 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуданд. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург дар шарҳи ин ҳукмҳо гуфт: “28 июли соли 2021 қонуншиканҳо ҳангоми дар назди бинои №54 дар хиёбони Болшевикҳо  қарор доштанашон ба кормандони пулис саркашӣ нишон додаанд, дақиқтараш дар ҷараёни пешгирӣ аз амалҳои дар қисми якуми моддаи 20.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (майдаавбошӣ) дарҷшуда,  талаби батакрори нишон додани ҳуҷҷатҳояшонро қатъиян рад карда, аз нишастан ба мошини пулис низ саркашӣ кардаанд.”

Ёдовар мешавем, шаби 28 июл, соати 21, дар назди меҳмонхонаи “Белые ночи” дар хиёбони Болшевикҳо, 54/1, дар шаҳри Санкт Петербург муноқишаи маишии байни зодагони Тоҷикистон ва Чеченистон ба занозании гуруҳӣ печида, бо боздошти беш аз 70 нафар анҷом ёфт.

Дар натиҷаи занозанӣ ду ҷавони яке 23- ва дуюмӣ 25-солаи чеченро дар бемористони Мариинская ва Пажуҳишгоҳи “Ёрии таъҷилӣ” ба номи Ҷанелидзе бистарӣ карданд.

 Сабаби муноқиша ҳанӯз рӯшан нест.

Қаблан гуфта мешуд, ки кормандони пулис дар ҷои ҳодиса 9 тан аз иштироккунандагони занозанӣ ва ҳамин тавр, ҳудуди 70 нафар аз бошандагони меҳмонхонаро, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон будаанд, дастгир кардаанд.

Шумори афзояндаи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон дар вақтҳои охир мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард. Дар ҳушдори ВКД Русия чунин омадааст:

«Вақтҳои охир муноқишаҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шуда, бархе аз ин муноқишаҳо ба сурати оммавӣ ва дар маҳзари ом сурат гирифтанд. Чунин занозаниҳо дар чанд минтақаи Руси, аз ҷумла дар вилоятҳои Амур, Маскав, Свердловск, ҷумҳурии Доғистон, ҳамчунин дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург мушоҳида шуданд.

Амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ бо аъмоли хушунатомезе, ки ба ҳаёт ва амнияти шаҳрвандон таҳдид эҷод мекунанд, ҳамчунин бо истифода зӯроварӣ нисбат ба намояндагони мақомот, мамоният ба фаъолияти ороми ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаракати нақлиёт сурат гирифтаанд.

Мақомоти додгоҳӣ ин шаҳрвандони хориҷиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, ба 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Бо дарназардошти хатари ҷамъиятии аъмоли анҷомшуда дар мавриди ба қаламрави Русия роҳ надодани ин шаҳрвандони хориҷӣ қарор қабул шудааст. Агар онҳо мустақилона қаламрави Русияро тарк накунанд, дар мавриди депортсия (маҷбуран берун кардан)-и онҳо чораҳо андешида хоҳанд шуд.”  (ПОЁНИ ИҚТИБОС)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button