ВидеоФарҳанг

6 АДИБИ ТОҶИК УЗВИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН ШУДАНД

Бо қарори Шӯрои коршиносони Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ахир  6 эҷодкори тоҷики муқими ин кишвар ба узвияти ин созмони адабӣ қабул карда шудаанд. Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори “Фараж” дар Тошканд хабар дод, ки шаҳодатномаҳои узвиятро ба нависандагон Юнуси Имомназар ва Зоҳир Ҳасанзода, шоирон Расулбеки Аҳмадзод, Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев) ва Хусрави Саъдулло, адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, инчунин вилоятҳои Фарғона ва Сирдарё дар як маросими хос муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Нодир Ҷонузоқ супурдааст.

Қаблан як идда аз шоирону нависандагони тоҷиктабори Ӯзбекистон,  аз ҷумла шоирон Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ алакай ба узвияти Иттифоқи нависандагони он кишвар қабул шуда буданд.

6 адиби ахир, бино ба гузориши Мирасрори Фарғонӣ,  чанде муқаддам ба узвияти ин Иттиҳодия пазируфта шуда будаанд, вале  шаҳодатномаҳои онҳо расман дар “Рӯзи дӯстии халқҳо”, ки дар Ӯзбекистон ҳар сол 30 июл таҷлил мешавад, ба дасташон супурда шудааст.

Шоири зодаи Сӯхзамин Расулбеки Аҳмадзод ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданашро моияи ифтихори худ ва пайвандону дӯстонаш номид ва гуфт, ба навиштани шеър ҳанӯз  аз солҳои мактабхонӣ шурӯъ намуда, зимни таҳсил дар риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо кумаки устодону шоирони шинохтаи тоҷик маҳорату малакаашро такмил додааст.

Ӯ мегӯяд, боре ба ҳузури раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона, узви Сенати Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова омада, ба ӯ китобҳои нашршудааҳро туҳфа кардааст. Баъди ин Расулбеки Аҳмадзодаро ба маҳфилу шабнишиниҳои эҷодӣ дар вилояти Фарғона ва дар сатҳи даъват мекарданд, то  намунаҳо аз шеъру ғазалҳои худро қироат кунад.

Расулбеки Аҳмадзод  гуфтааст, ки ӯро бо тавсияи Энахон Сиддиқова ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон  пазируфтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button