ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХУШХАБАР: ҲАФТАИ ОЯНДА БА ТОҶИКИСТОН 4 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ MODERNA ХОҲАНД ОВАРД

Абдухалил Холиқзода, раҳбари Бемористони “Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе  дар Фейсбук хабар дод, ки “дар пасманзари бедоди вирус дар кишвар як  навиди хуш расид, ки ба зудӣ теъдоди зиёди воксан ворид хоҳад шуд. Ғайр аз воксани Astra Zeneca, қарор аст чор миллион воя воксани Moderna низ дар ҳафтаи оянда ба кишвар ворид шавад.”

Абдухалил Холиқзода дар бораи манбаи ин 4 миллион ваксина маълумоти аз ин бештар надодааст, вале бино ба иттилои ӯ, “ҳамчунин теъдоди чашмраси воксани Sinovac-и чинӣ ва Спутник-и русӣ дар роҳанд!”

Мудири бемористони “Ибни Сино афзудааст: “Худо хоҳад, то ду моҳи оянда мо бо моякӯбӣ аз шарри ин вируси манҳус хоҳем раст!”

Абдухалил Холиқзода қатъан аз зарурати ваксинаи зидди коронавирус  гирифтани мардум пуштибонӣ мекунад ва пайваста аз ҳама даъват мекунад, ки баробарои даст додани имконият ҳатман ва ҳатман ваксина бигиранд.

Хабари рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид кардани 4 миллион ваксинаи Moderna дар ҳолест, ки мушовири президенти Амрико дар масоили амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл рӯзи 15 июл дар Тошканд гуфт, Амрико омода ҳаст, ки барои барномаи COVAX ним миллиард ваксинаи зидди коронавирус ҷудо кунад.  Хонум Шервуд-Рэндалл, ки рӯзи 15 июл дар Тошканд суҳбат мекард,  гуфт, ин ваксинаҳо аз ҷумла ба кишварҳои  Осиёи Марказӣ ирсол хоҳанд шуд.

COVAX як барномаи байналмилалӣ аст, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои нодор, ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додаанд. Тибқи ин барнома, кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта барои кишварҳои фақире, ки наметавонанд аҳолии худро бо ваксина таъмин кунанд, ваксина мехаранд.

Тоҷикистон низ узви COVAX буда, моҳи март дар чорчӯби ин барнома 192 ҳазор вояи ваксинаи «АстраЗенека» дастрас кард ва моҳи август бояд боз ҳамин миқдори дигар бигирад. Хитой низ моҳи июн дар чорчӯби барномаи COVAX ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор вояи ваксинаи «КоронаВак» дод.

Тибқи нақшаи миллие, ки ҳукумати Тоҷикистон қабул кардааст, дар ин кишвар бояд ҳамаи тақрибан 6 миллион аҳолии аз синни 18 боло бояд аз коронавирус ваксина бигиранд. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус рӯзи 3 июл гирифтани ваксинаро барои тамоми аҳолии калонсоли кишвар ҳатмӣ эълон кард.

Ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button