КҲФ: ГАРМОИ ШАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТИКАМ ТО 11 ИЮН БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба пешбинии ҳавошиносон хабар дод, ки бар асари вуруди ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ғарбӣ ҳавои гарм ва хушк  дар кишвар дастикам то 11  июн боқӣ мемонад.

Дамои ҳаво дар водиҳо 37+42, дар ноҳияҳои ҷануб то +44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +30+35 дараҷа гарм мешавад.    Обуҳавосанҷон ҳушдор медиҳанд, ки то 11 июни соли 2021 дар баъзе навоҳии кишвар шамоли пуршиддат, ки ба суръати 15-20 метр дар як сония мевазад ва эҳтимоли гарду ғубор вуҷуд дорад.

Аз сабаби гармӣ эҳтимоли об шудани барфу ях дар кӯҳҳо вуҷуд дорад, ки ин метавонад сабабгори боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад. 

Аз ин рӯ, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад ба саломатии худ ҷиддан эътибор диҳанд, гаштугузор дар кӯчаҳоро зери шуои офтоб, бахусус дар нисфирӯзиҳо маҳдуд намоянд.

Хуб мешуд агар либоси сабуки дӯхташуда аз матоъи пахтагӣ ба бар дошта бошед. Об бештар нӯшед.

Вақте дар соҳили махзанҳои об истироҳат мекунед, талош намоед ҳама қоидаҳои бехатариро риоя кунед, дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунед.

Бахусус ба кӯдакон эътибор диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button