ТОҶИКИСТОН АЗ ХИТОЙ 300 ҲАЗОР ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС МЕГИРАД

Тоҷикистон аз Хитой ҳамчун кумаки башардӯстона 300 ҳазор ваксинаи “CoronaVac” мегирад. Дар ин бора рӯзи 1 июн сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷафаров ба хабаргузории “Ховар” хабар додааст. Ин 300 ҳазор воя барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.

Ҷаъфаров гуфт, дар ҳоли ҳозир масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили «CoronaVac» ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров,  нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло бо тавлидкунандаҳои дигар  барои ҳалли ин масъала вориди гуфтушунид шудааст.

Наврӯз Ҷафаров

 «Аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории  COVID-19 ваксинатсия шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад. Ҳоло дар имунизатсия аз ваксинаи «AstraZeneca» истифода мешавад. Бо назардошти миқдори мавҷудбудаи 192 ҳазор вояи ваксина Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дод, ки ин миқдор ваксинаро барои ду давра истифода барад»,-  афзудааст сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ.

Дар мавриди гирифтани  ваксинаи  «Спутник V» Н.Ҷафаров гуфт, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта,  масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он  дар Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ваксиназанӣ аз коронавирус дар Тоҷиктстон рӯзи 23 март оғоз ёфт. Дар умум тибқи нақша дар кишвар бояд ҳамаи 6 миллиону 714 ҳазор сокини аз 18-cола боло ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Аввалин бастаи ваксинаҳои ширкати “AstraZeneca”, иборат аз 192 ҳазор доза, дар чорчӯби барномаи  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX , ки таъмини одилонаи кишварҳо бо ваксинаи зидди коронавирусро ба ҳадаф дорад, рӯзи 8 март бо як ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Деҳлии Ҳиндустон ба Душанбе оварда шуд.

Дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, беш аз 13 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус ва ҳамагӣ 90 мавриди марги беморон аз ин вирус сабт шудааст. Аз аввали соли 2021 ин вазорат тақрибан ягон мавриди нави гирифторӣ ба коронавирусро дар кишвар сабт накардааст.

Аммо мунтақидон ба ин иддаои мақомот дар бораи “пирӯзии комил” бар коронавирус дар Тоҷикистон бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button