ПИРӮЗИИ ТОЛИБИЛМИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ ҚОРИЁНИ “ҚУРЪОН” ДАР РУСИЯ

Донишҷӯи тоҷики Донишкадаи исломии Маскав (МИИ) Бурҳониддин Раҳимов дар озмуни 8-уми байниминтақавии қориёни “Қуръон” дар шаҳри Перм дар байни қориёни пурраи “Каломи Шариф” сазовори ҷои аввал шуда,  ҳамчун мукофот роҳхат ба сафари Ҳаҷҷи умраро ба даст овардааст. Донишкадаи исломии Маскав пирӯзии шогирдашро “пирӯзии бечунучаро” номида,  хабар дод, ки озмуни қориён бо иштироки 42 қорӣ аз 17 вилояти Русия дар чорчӯби Ҳамоиши 10-уми “Ҷаҳони ислом” аз 20 то 22 май доир шуд.  Озмуни қориён дар чанд бахш гузаштааст: донистани 2,5, 10, 15 ва 30 ҷузъи “Қуръон” ва сабқати асосӣ байни қориёне, ки “Қуръон”-ро пурра ҳифз кардаанд. Донишҷӯи тоҷик Бурҳониддин Раҳимов маҳз дар ҳамин сабқати асосӣ баранда шудааст, ки аҳамияти пирӯзиашро дучанд ва ӯро ҳамчун ғолиби мутлақи озмуни қориён дар Перм муаррифӣ  мекунад.

Яке аз ташкилкунандагони ҳамоиши “Ҷаҳони ислом” («Мусульманский мир») ва озмуни қориён дар Перм Идораи мусалмонони кишвари Перм буд. Ҳайъати ҳакамони озмуни қориёнро  Ислом Дашкин, раҳбари идораи мусалмонони вилояти Пенза, ки яке аз машҳуртарин қориёни “Қуръон” дар Русия дониста мешавад, роҳбарӣ мекард.

Раиси Идораи мусалмонони кишвари Перм Илҳом Бибарсов аз афзоиши майли мусалмонони Русия, бахусус ҷавонону наврасон ба омӯзиш ва ҳифзи “Қуръон” изҳори хушҳолӣ карда, гуфт: «Моро бахусус сатҳи иштироккунандагон дар бахшҳо ва синну соли гуногун хеле хушҳол кард. Рақобат байни қориёни пурраи “Қуръон” хеле шадид буд, чунки онҳо 24 нафар буданд. Донистани таҷвид, лаҳну задаи дуруст ва ҳам зебоии овоз  – ин ҳама ҳангоми интихоби ғолибон ба назар гирифта мешуд. Пирӯзӣ осон набуд, вале ҷоизаҳо ҳам ҷоизаҳои шоиста буданд. Бурҳониддин Раҳимов, ки дар байни қориёни пурра ҷои аввалро гирифт, ҳамчун ҷоиза роҳхат ба сафари Ҳаҷҷи умраро ба даст овард. Мо аз самими қалб ба ӯ дар оянда пирӯзиҳои навбанав, аз ҷумла дар озмунҳои байналмилалиро орзу мекунем.».

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button