ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МУСОФИРОН АЗ ИСТАНБУЛУ КОБУЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЯД 3 РӮЗ КАРАНТИН БИШИНАНД

Мақомоти Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируст шартҳои вуруди мусофирон ба ин кишвар аз Туркияву Афғонистонро пурзӯр кардаанд.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров  рӯзи 26 апрел ба хабаргузории «Ховар» гуфт, шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд, вале мусофироне, ки аз Истанбули Туркия ва Кобули Афғонистон меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишинанд.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон аз дигар самтҳо низ бояд маълумотнома дар бораи надоштани  сироят  ба СOVID-19 пешниҳод намоянд. Мусофироне, ки аз Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба мамлакат  роҳ дода мешаванд.

Шароити ворид шудани мусофирон аз Истанбулу Кобул дар ҳоле пурзӯр карда шуд, ки бино ба хабарҳо, вазъи коронавирус дар Туркияву Афғонистон дигарбора рӯ ба вахомат овардааст.

Дар Туркия, барои мисол, ҳафтаи гузашта, ҳар рӯз беш аз 60 ҳазор мавриди сироят ба коронавирус сабт мешуд ва президент Раҷаб Эрдуғон дар кишвараш барои 5 рӯз – аз 22 то 26 апрел – локдауни мутлақ ҷорӣ кард. Дар ин рӯзҳо сокинони Туркия танҳо барои хариди ғизо ва дорувор метавонистанд аз манзилҳои худ берун бираванд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, баъди онки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон тақрибан ба нестӣ расидааст”, дигар ягон мавриди сироят ба коронавирусро дар кишвар сабт накардааст.

Шумори умумии гирифторшудагон ба ин вирус дар Тоҷикистон, тибқи омори вазорати тандурустӣ дар ҳадди 13 ҳазор ва шумори қурбониёнаш 90 нафар боқӣ мемонад.

Вале мунтақидон ба ин омори расмӣ бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, иддаои ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон як иддаои ҳанӯз пеш аз вақт аст.

Бо мақсади пешгирии СOVID-19 шартҳои воридшавии мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории СOVID-19 ва риоя намудани назорати санитарӣ вуруди мусофирон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр гардид.

Тавре сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо имкони тариқи роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд. Вале мусофироне, ки аз Истанбул ва Кобул меоянд, аз санҷиши махсус гузашта, бояд аз СOVID-19 тести иловагӣ супоранд ва то муайян шудани натиҷаи тест муддати 3 рӯз дар карантини хонагӣ нишинанд.

Ба зикри номбурда, барои ворид шудан ба Тоҷикистон мусофирон бояд маълумотнома дар бораи надоштани  сироят  ба СOVID-19 пешниҳод намоянд. Мусофироне, ки аз Россия, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меоянд, бо тести манфӣ аз коронавирус ба мамлакат  роҳ дода мешаванд.

«Дар сурати зарурияти омадани шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади  сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии он давлат ё ширкатҳо ба Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекунанд. Дар ин ҳолат шаҳрвандони зикршудаи хориҷӣ метавонанд бо истифода аз хатсайрҳои мавҷуда ва парвозҳои чартерии бо ситод мувофиқашуда ба Тоҷикистон ворид шаванд»,–  гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button